5 October 2026
Душанбе - пойтахти маҳбуби Тоҷикистон на танҳо маркази сиёсиву маъмурӣ ва иқтисодии кишвар, ҳамчунин қалби фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаи тоҷик низ мебошад. Дар ин шаҳри саропо пурнур, ки рӯз то рӯз симои замонавӣ касб мекунад, арзишҳои бостонии мардуми мо, аз ҷумла эҳтиром ба оила, ҳифзу нигаҳдории урфу одатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ устувор нигоҳ дошта шудааст.
Хонавода ҳамчун ниҳоди муқаддас ва муҳими иҷтимоӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати давлат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Маврид ба ёдоварист, ки дар пойтахт равандҳои муосири арзишҳои маънавӣ, хусусан оиладорӣ бо суннатҳои неки миллии тоҷикон ба таври табиӣ бо ҳам омехта мешаванд. “Хонаи ақди никоҳ”-и шаҳр низ яке аз ниҳодҳое мебошад, ки бо масъулияти баланд дар ин самт, ҳам дар омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил ва ҳам дар эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ, саҳми назаррас мегузорад.
Дар ҳама давру замон оила ҳамчун ячейкаи асосии ҷомеа, такягоҳи ахлоқӣ ва мактаби аввалини инсон боқӣ мондааст. Барои миллати тоҷик, ки тамаддуни бою қадима ва маънавиёти баланд дорад, ин арзиш бештар аз як рукни иҷтимоӣ қабул гардидааст. Пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бошад имрӯзҳо ба макони рушдиҳанда ва эҳёкунандаи ҳамин арзишҳо мубаддал гардидааст.
Дар фазои ин шаҳр, ки ҳар нафасаш ба кас неруву тавони тоза мебахшад, ҷавонон бо муҳаббат ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ба зиндагии муштарак қадам мегузоранд. Маросимҳои ақди никоҳ, ки дар “Хонаи ақди никоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, на танҳо ҷараёни расмии сабти ақди никоҳ, балки як маросими арҷгузорӣ ба тамаддун, фарҳанг ва урфу одатҳои тоҷикона маҳсуб меёбанд.
Имрӯз вақте ки ҷомеа рӯ ба муосиршавӣ меорад, дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе раванди баргузории маросимҳои тӯйӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки саҳми мафкурасозӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба раванди муштараксозии зиндагии як хонавода таъсири бағоят калон мегузорад. Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн барои беҳтар намудани зиндагии муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамдигарфаҳмию арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавӣ маҳз аз муҳити атроф, хусусан раванди фаъолияти мақомотҳои марбута вобаста ба самти оиладорӣ, муносибати ҳамаҷонибаи ниҳодҳои дахлдор ва омилҳои иқтисодӣ сарчашма мегирад. Ин раванд, бешак, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи давлат ва нақши муассир доштани пойтахт ҳамчун маркази таълимӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад.
Дар тӯли як соли охир ҳазорон ҷавон дар Душанбе нахустин саҳифаи зиндагии муштараки худро боз намуданд. Танҳо дар “Хонаи ақди никоҳ”-и шаҳри Душанбе дар соли гузашта садҳо маросими сабти ақди никоҳ баргузор гардид, ки ҳар яке рӯйдоди пурмуҳтаво ва хотирмон буд.
Бештари ин маросимҳо бо иштироки на танҳо хонаводаҳо, ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони соҳаи фарҳанг ва ҳатто омӯзгорон баргузор мешаванд. Ин воқеият гувоҳи он аст, ки маросими никоҳ дар пойтахт як маросими маъмулӣ нест, балки чорабиниест, ки паёми масъулият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва орзуҳои нек барои фардоро дар бар мегирад.
Масалан, чанд ҷуфт дар маросими ақди никоҳ тасмим гирифтанд, ки рамзҳои фарҳанги миллиро ба таври хосса зинда нигоҳ доранд. Онҳо бо пӯшидани либосҳои анъанавии тоҷикӣ, ворид кардани унсурҳои фолклорӣ ва истифода аз шеърҳои маъруфи тоҷикӣ дар маросимҳои тӯйёнаи худ тавонистанд аз арзишҳои маънавӣ ва урфу одатҳои қадимаи миллӣ истифода баранд, ки ин бешак, ба фарҳангу тамаддуни мардуми сарбаланди тоҷик нақши муассир мегузорад. Ҳамчунин, ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷаҳони муосир анъана, рӯҳи нав ва урфу одатҳои миллии қадима метавонанд дар як ҷо ҷамъ оянд ва маросими бошукӯҳи ҷадидро ба вуҷуд оранд.
Ҳамасола дар шаҳри Душанбе мо шоҳид мешавем, ки ҷавонони зиёд, бо эътибор ба арзишҳои миллӣ ва муҳаббати самимӣ, ба умед ва орзуҳои худ оила барпо мекунанд. Ҷавонони масъулиятпазир ва дурандеш вазифаи хешро дар назди миллат ва оилаи худ баён намуда, барои сохтани оилаи мустаҳкам ва солим, эҳтиром ба падару модар ва эҳтиром ба фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷиконро ба назар мегиранд. Маҳз чунин оилаҳо мояи ифтихори хонавода ва миллат мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон нақши оиладориро дар ҷомеа басо арзишнок ва ояндадор ҳисобида, пайваста таъкид мекунанд, ки бояд ҷавонон дар роҳи оиладорӣ интихоби дуруст намоянд ва дар раванди зиндагӣ арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои қадима ва арҷгузорӣ ба муҳити хонаводаро пос доранд.
Ҷавонон марҳилаи муҳими зиндагии худро мегузаронанд ва оилаҳои навро ташкил карда, насли ояндаро тарбия мекунанд. Бо ҳар як пайванди оилавие, ки имрӯз дар “Хонаи ақди никоҳ”-и шаҳри Душанбе сабт мешавад, ҷавонон рисолат ва масъулияти худро эҳсос мекунанд. Оила як коргоҳи муҳаббат ва хоксорӣ аст. Ҷавонон ҳар як рӯзи зиндагӣ, ҳар як лаҳзаи иртиботи оилавиро дарк намуда, бо муҳаббат, эҳтиром ва талоши бештар кӯшиш мекунанд, ки ҳаёти оилавӣ ва тамоми ҷомеаро аз арзишҳои оилавӣ бархӯрдор созанд. Ҳар як ҷавон, ки имрӯз барои сар кардани ҳаёти муштарак ба ҳамсари хеш рӯ ба рӯ мешаванд, бояд донанд, ки оила танҳо як созиш нест, балки як масъулият аст.
Дар шароити муосир, ки бо тағйирот ва таҳаввулоти глобалӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ ботадриҷ дигаргун мешаванд, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва оилавӣ як бахши муҳими раванди рушди ҷомеа боқӣ мемонад. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази бузурги маънавии кишвар ва минтақа ҳар рӯз мақсаду орзуҳои ҷавононро ба таври воқеӣ дар шаклҳои гуногун, хусусан кӯмакҳои иҷтимоӣ барои оиладоршавӣ бароварда мекунад. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва шаҳрдори Душанбе садҳо ҷавонон ба хонаи бахт гусел карда мешаванд, ки ин низ яке аз иқдомҳои беназири масъулин ва нишонаи эҳтироми арзишҳои оиладорӣ мебошад.
Шаҳри Душанбе бо самимият ва ояндабинӣ барои ҷавонони кишвар саҳми беназири худро гузошта, ҷиҳати эҳтироми арзишҳои оиладорӣ, раванди зиндагии муштарак ва тарбияи насли наврас иқдомҳои беназирро рӯйи кор меорад. Ҳамсола дар пойтахт, озмуни “Оилаи беҳтарин” ташкил ва гузаронида мешавад, ки яке аз далелҳои равшани таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба оилаву оиладорӣ мебошад. Бо ҳар як маросими ақди никоҳ, ки дар “Хонаи ақди никоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба сарнавишти оянда ва ба ҳам пайвастани орзуҳои нек роҳ кушода мешавад, то ҷавонон қадамҳои устувори худро ба зиндагии мустақил гузоранд.
Шаҳри Душанбе, дар баробари рушди оиладорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин самт, инчунин ба дигар ҷанбаҳои фаъолияти мардум, аз қабили иқтисоӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, варзиш, тандурустӣ, хизматрасониҳои маишӣ, рақамикунонӣ, комунналӣ ва ғайра диққати ҳамаҷониба дода мешавад.
Имсол аз таъсиси шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар 101 сол пур мешавад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, сокинони шаҳр ва дар умум тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро ба ин муносибати бузурги сиёсӣ таҳният гуфта, барояшон ободию рӯзгори босаодатро таманно мекунем. Бигзор то абад Душанбе ҳамчун шаҳри сарнавиштсоз, шаҳри ҷавонӣ ва шаҳри оилаҳои ҷавону мустақил дар сартосари ҷаҳон боқӣ монад.
Парвинаи АСАДУЛЛО,
роҳбари “Хонаи ақди никоҳ”-и
шаҳри Душанбе