ҲИКМАТИ НАВРӮЗ- ИН БО ҲАМ ОМАДАНИ ИНСОНҲО, ОЗОДАГӢ, ЯГОНАГӢ, ДӮСТИСТ
Наврӯзи хуҷастапай ҳикмат, фалсафа ва бузургтарин арзиши фарҳангие аст, ки дар сарнавишти тоҷикон мисли муаммо дар худ асрори нуҳуфта дорад. Умри ҷашни «Наврӯз» таърихи хеле қадимӣ дошта, ба ташаккули умри миллати мо пайваста аст. Барои ошкор намудани моҳияту зуҳуроти он мардум ба бедории табиат, гармию нармӣ, шодию сурур, озодагию латофат ва шафоати он боварӣ дошта, бақои миллати тоҷик ва дигар ақвоми ориёитаборро ба он вобаста медонанд.
Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Наврӯзи хуҷастапай ҷашни накукорӣ бо гуфтору пиндори нек буда, оростани хони наврӯзӣ бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» нишонаи хайру баракат аст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз намудааст». Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 қарор қабул намуд, ки иди Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон карда шавад. Аз ҳамон рӯз инҷониб ҷашне, ки бо забони мардуми мо «Наврӯз» муаррифӣ мешавад, дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон дар арафаи баргузории Наврӯзи хуҷастапай Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат мулоқотҳои ҷашнӣ баргузор менамоянд. Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон бо шаҳомати бузург баргузор мешавад, ки боиси ифтихору эҳтироми ҳамагон аст.
Дар ҷашни Наврӯз ба рӯи хони Наврӯзӣ ҳафтсин ва ҳафтшин мегузоранд, ки ба андешаи мардумшиносон, ҳар маводи дар дастархон гузошта рамзи махсусро ифода мекунад: шаҳд, шир, шароб, шакари ноб, шамъ, шамшод ва шоя (мева). Рамзи рӯшноӣ- шамъ рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Дар анъанаи наврӯзии хони «Ҳафтшин» марбут ба ҳар аъзои хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.
Дигар рамзи наврӯзӣ шир буда, гузоштани он дар хони наврӯзӣ сапедӣ ва покиро ифода месозад ва орзую омоли тамоми сол дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Чуноне ки муаррихи асрҳои VIII-IХ тоҷику форс Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо» овардааст, ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ намуда наметавонист.
Шаҳду шакар, ширинӣ ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим доштанд. Ин рамз — рамзи орзуҳои нек нисбат ба соли нав буда, таманно менамуданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор ва ёру дӯстон ширинӣ мефиристоданд.
Гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад. Дар хони наврӯзии аксари мардуми ориётабор «ҳафтсин» низ маъмул буда, он аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат аст ва махсусияти хосро доро аст.Бояд гуфт, ки ҳикмати Наврӯз- ин бо ҳам омадани инсонҳо, озодагӣ, ягонагӣ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад, ки дар бораи таърихи пайдоиши он ривояту афсона ва сурудаҳои хеле зиёде гуфта шудаанд. Ин ҷашни пуршукуҳ аз замони Пешдодиёну Ҳахоманишиён то Саффориёну Сомониён шукуҳманд гардида буд. Ҳатто Берунӣ дар бораи Наврӯзи замони Сосониён мегӯяд, ки «…ва ойини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки ба эшон некӣ кунад».Таъриху васфи чашни «Наврӯз» дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Осор –ул-боқия»-и Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар шоиру бузургони илму маърифати тоҷику форс бо одоб ва расму русуми муфассал то имрӯз идома дорад.
Баъзан мо аз ривоятҳои гуногуни таърихӣ, устура ва нақлҳо дар бораи ҷашни Садаю Наврӯз то афсонаи пайдо шудани море дар пеши роҳи шоҳи сулолаи Пешдодиён –Ҳушанг ва ҳаво додани санге ба сӯи он ва пайдо шудани оташу гармию рӯшноӣ чандин асрҳо боз эътиқод дорем. Шояд чунин устураҳо фарзияе бошанд, ки ба заминаи ҷашну анъанаҳои гузаштагонамон асос гузошта, фалсафаи дарки моҳияти онҳоро падид оранд. Яъне ин арҷгузорӣ ба бедории табиат ва рӯзи нав мардумро бедору хушнуд менамояд. Масалан, Ҳаким Умари Хайём чунин андеша доштааст, ки «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Дар замони пайдо ва паҳн шудани дини ислом низ баъзе андешаҳои мухталиф нисбат ба Наврӯз пайдо шуда буданд. Аммо ҷаззобияту бузургии Наврӯз ҳамаи онҳоро зери таъсири худ гузошта, ба ягон дину мазҳаб худро вобаста накардааст. Наврӯз рӯзи бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, рӯзи дехқон, рӯзи паҳлавонон, рӯзи умеду орзуҳои зиндагӣ ва ҷашни худшиносии миллӣ мебошад.
Шарифзода Шоира
Мудири бахши САҲШ-и
Шаҳри Ваҳдат