eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ БИОЛОГИЯ ДАР ДАВРОНИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Саҳифаи асосӣ
More
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Хабарҳо
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ БИОЛОГИЯ ДАР ДАВРОНИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
АМИТ "Ховар"
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 августи 2026
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ БИОЛОГИЯ ДАР ДАВРОНИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Санаи 7 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ Семинари илмӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони илмии муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба илмҳои биология иштирок…
Previous slide
Next slide
Санаи 7 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ Семинари илмӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони илмии муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба илмҳои биология иштирок намуданд. Сем
инари илмиро бо сухани ифтитоҳи раиси Шуъба, д.и.б. Мирзораҳимзода А.К.ҳусни оғоз бахшида, сипас дар мавзуи “Дастовардҳои назарраси илми биология дар давраи 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Инчунин, мудири Озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, узви вобастаи АМИТ Абдуллоев Ҳ. А. дармавзуи “Нақши илм дар рушди пахтакорӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон”. Дар баромади худ вобаста ба дастовардҳои олимони тоҷик дар соҳаи пахтакорӣ ва пахта парварӣ, минтақабоб намудани навъҳои селексияи ватанӣ, инчунин аҳаммияти баланди иқтисодӣ ва стратегӣ доштани ин зироати техникӣ иброз дошт. Номбурда қайд намуд, ки ин дастовардҳои соҳа маҳз бо шарофти оромӣ ва соҳибстиқлолии Тоҷикистон мебошад. Дар семинари илмӣ мудири Шуъбаи ихтиология вагидробиологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскийи АМИТ,н.и.б. Мирзоев Н. М дар мавзуи “Нақши олимони соҳаи зоология дар омӯзиш ва ҳифзи олами ҳайвонот тӯли 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, оиди ба дастовардҳо дар 35 соли Истиқлолият дар соҳаи илмҳои зоология ва паразитология маълумоти муфассал доданд.
Иброз гардид, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат мо шоҳиди рушди на танҳо илмҳои биологӣ, балки бо суръат тарақӣ намудани аксари соҳаҳои ҳаётан муҳимро мушоҳида менамоем.