eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КИМИЁ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КИМИЁВИИ МУОСИР
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КИМИЁ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КИМИЁВИИ МУОСИР
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
8 октября 2026
РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КИМИЁ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КИМИЁВИИ МУОСИР
ДУШАНБЕ. 7 октябр. Дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсиси Институт ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конфронси…
Previous slide
Next slide
ДУШАНБЕ. 7 октябр. Дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсиси Институт ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм, таҳкими иқтидори муассисаҳои илмӣ ва густариши таҳқиқоти бунёдию амалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин раванд, рушди илми кимиё ва технологияҳои кимиёвӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми пешрафти иқтисоди миллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти хосса дорад.
Таъкид гардид, ки тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва таҳияи технологияҳои муосири коркарди ашёи хом аз вазифаҳои муҳимми олимони соҳаи кимиё ба шумор мераванд. Татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот метавонад ба рушди саноати миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат намояд.
Зикр гардид, ки илми кимиё дар рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тиб ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дошта, дастовардҳои он барои ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таҳияи маводи нав замина фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, густариши таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири озмоишӣ ва омода кардани кадрҳои ҷавони соҳибтахассус аз самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, фаъолияти 80-солаи Институти кимиёи ба номи В. И. Никитин таҷассумгари саҳми чандин насли олимон дар ташаккул ва рушди илми кимиёи тоҷик мебошад. Идомаи анъанаҳои илмии устодон, тақвияти мактабҳои илмӣ ва пайванди таҷрибаи муҳаққиқони варзида бо ташаббусҳои олимони ҷавон барои ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар идома олимону муҳаққиқон доир ба рушди илми кимиё, дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти 80-солаи Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъруза намуданд. Дар маърузаҳо саҳми олимони Институт дар ташаккули мактабҳои илмӣ, густариши таҳқиқоти бунёдию амалӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот таъкид гардид.