eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ “НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФӢ ДАСТИ ӮСТ!”
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ “НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФӢ ДАСТИ ӮСТ!”
2 октября 2026
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ “НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФӢ ДАСТИ ӮСТ!”
Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии асари нави муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафӣ дасти ӯст!» баргузор гардид. Маҷмуаи мазкур, корномаи…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии асари нави муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафӣ дасти ӯст!» баргузор гардид.
Маҷмуаи мазкур, корномаи Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони навин ва эъмори сулҳу ваҳдати миллиро ифода намуда,зинаҳои тайкардаи 35 соли Истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад. Баррасии ҳифзу ҳимояти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ хонандаро ба дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ талқин мекунад.
Дар рӯнамоӣ намояндагони соҳаи фарҳангу адаб, аҳли зиё ва муҳаққиқон иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти асар ва нақши он дар бозтоби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карданд.
Дар баробари дигар олимон ва ходимони давлатӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии худ доир ба мазмуну муҳтавои китоби мазкур андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки асар бо сабки хосси адабӣ ва нигориши арзишманд ба муҳимтарин марҳилаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон таҳия гардидааст. Қайд гардид, ки чунин асарҳо дар шинохти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳим доранд.
Китоб бо 128 саҳифа соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расида, муҳаррири он Раҳмоналӣ Мирализода ва мушовиронаш Сатториён М.А. ва Неъматзода М. мебошанд.
Рӯнамоии асари мазкур дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ равона шудааст.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан