Имрӯз, 3 октябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера, 2025–2034» як зумра олимону…
Имрӯз, 3 октябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера, 2025–2034» як зумра олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади омӯзиши вазъи кунунӣ, раванди тағйирёбии пиряхҳо ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз пиряхи Зарафшон боздид намуданд.
Зимни боздид олимону муҳаққиқон ба вазъи имрӯзаи пирях, тағйироти сатҳ ва ҳаҷми он, таъсири омилҳои иқлимӣ ба раванди обшавии пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу омӯзиши захираҳои обии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бояд гуфт, ки масъалаи обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонии экологӣ ба ҳисоб рафта, таъсири он ба захираҳои обӣ, экосистемаҳо ва рушди устувори минтақаҳо назаррас мебошад. Дар шароити тағйирёбии иқлим омӯзиши мунтазам ва ҳамаҷонибаи пиряхҳо, муайян намудани суръати коҳиши онҳо ва арзёбии таъсири равандҳои иқлимӣ ба ҳолати пиряхҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ ба шумор меравад.