Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик танҳо роҳбари давлат нестанд, балки шахсияте ҳастанд, ки номи ӯ бо даврони таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули симои нави Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Сиёсати созанда ва иқдомҳои дурандешонаи Пешвои миллат барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун мактаби давлатдорӣ ва масъулият дар назди миллат хизмат хоҳанд кард.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихори миллӣ шоҳиди он аст, ки кишвари соҳибистиқлол дар роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад. Ин ҳама самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.