Имрӯз, 5 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ ва масъалаҳои истилоҳшиносии муосир” баргузор гардид. Ба кори конфронс…
Имрӯз, 5 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ ва масъалаҳои истилоҳшиносии муосир” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳамасола рӯзи 5-уми октябр дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад.
Таъкид гардид, ки пешоҳанг ва ташаббускори ҳама иқдомоти наҷиб дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон мебошад ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамон нахустин бор дар таърихи давлатдории навини мо забони тоҷикӣ ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шуда, ки он аз бахтномаи миллат – Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва ин худ ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи сарзамини куҳанбунёди мо маҳсуб меёбад.