МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат,
хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст.
Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли
ҷонкоҳонии Модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки
мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба
забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату
самимияти Модар ва шабзиндадориҳои Модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз
баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он
касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра
наёфта бошад.
Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,
Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.
Модар! Шумо чашмаи ҳастии инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо
вобаста аст. Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як
хел оҳанги навозишкорона дорад. Синну соли мо чанде, ки набошад, ҳоҳ
тифл бошем ҳоҳ калонсол, барои мо Модар навозишу нигоҳи вай зарур
аст. Ва ҳар қадре, ки муҳаббати кас ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар
фарахбахшу дурахшон аст.
Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!