3-юми сентябри соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда шуд. Ҳамчунин, нақши кормандони соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар таъмини волоияти қонун ва таҳкими адолати судӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони Марказ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медалҳои ҷашнӣ барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ тақдим карда шуданд.