Имрӯз дар Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш дар мавзуи «35 соли Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масири таърихӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушд» баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва дурнамои рушди минбаъдаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ буда, барои таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва баланд гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокдорон оид ба нақши ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаронӣ намуданд.
Истиқлоли давлатӣ — рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.