Истиқлол аз бузургтарин дастовардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихии ҳар миллат ба шумор меравад. Барои миллате, ки дар тӯли асрҳо барои ҳифзи ҳувияти худ, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ҳуқуқи муайян намудани сарнавишти хеш талош намудааст, Истиқлол танҳо соҳиб шудан ба мақоми давлати мустақил нест. Он пеш аз ҳама имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста ва рушди озоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, Истиқлолро метавон ҳамзамон ҳамчун дастоварди таърихӣ, падидаи ҳуқуқӣ, арзиши миллӣ ва масъулияти бузурги наслҳои имрӯз ва фардо арзёбӣ намуд.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил мегардад, барои ҷомеаи Тоҷикистон танҳо як санаи ҷашнӣ нест. Ин марҳилаи муҳимест барои бознигарии роҳи тайшуда, муайян намудани арзиши дастоварди таърихии Истиқлол ва дарки амиқи масъулият дар назди давлату миллат. Худи тасдиқи рамзи расмии ҷашн бо солҳои «1991–2026» гувоҳи он аст, ки давраи соҳибистиқлолӣ имрӯз ба яке аз марҳилаҳои муҳими давлатсозии тоҷикон табдил ёфтааст.
Мафҳуми Истиқлол дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгоҳи хос дорад. Аз назари мазмун, Истиқлол ба озодӣ, мустақилият ва имконияти мустақилона муайян намудани сарнавишт алоқаманд буда, дар сатҳи давлатӣ маънои соҳибихтиёрии давлатро дар қабули қарорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, мустақилияти ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуд ва баробарии ҳуқуқии давлатро дар муносибатҳои байналмилалӣ ифода мекунад. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ бе соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат тасаввурнопазир аст. Давлате, ки дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии худ аз иродаи давлати дигар вобаста мебошад, наметавонад Истиқлоли комили сиёсӣ дошта бошад.
Дар баробари ин, Истиқлол мафҳуме нест, ки аз як сана ё аз як воқеаи сиёсӣ ба вуҷуд омада бошад. Андешаи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти сиёсӣ дар тамаддунҳои гуногуни башар дар шаклҳои мухталиф ташаккул ёфтааст. Давлатҳои қадимаи Шарқ, Эронзамин, Юнону Рим ва минбаъд давлатҳои асримиёнагӣ таҷрибаи гуногуни давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатиро ба миён оварда буданд. Бинобар ин, Истиқлолро ҳамчун «кашфиёти» як давлат ё як шахс арзёбӣ кардан асоси кофии илмӣ надорад. Он натиҷаи рушди тадриҷии андешаҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.
Дар инкишофи мафҳуми муосири соҳибихтиёрии давлатҳо таҷрибаи сиёсии Аврупо дар асрҳои XVI–XVII нақши муҳим бозид. Сулҳи Вестфалия аз соли 1648 дар адабиёти таърихию ҳуқуқӣ яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули низоми давлатҳои соҳибихтиёр арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар илми муосир дуруст таъкид мегардад, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ хеле пештар вуҷуд доштанд ва Вестфалияро наметавон ҳамчун нуқтаи ибтидоии мутлақи онҳо қабул кард. Муҳим он аст, ки дар давоми асрҳо мафҳуми Истиқлол аз як тасаввури умумӣ дар бораи озодии сиёсӣ ба мафҳуми нисбатан дақиқи ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлат табдил ёфт.
Аз ҳамин нуқтаи назар, байни Истиқлол ҳамчун андешаи таърихии озодӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳамчун мафҳуми муосири ҳуқуқӣ бояд фарқ гузошт. Истиқлол дар маънои васеъ ба қобилияти миллат ва ҷомеа барои мустақилона муайян намудани роҳи рушди худ ишора мекунад, дар ҳоле ки Истиқлоли давлатӣ шакли институтсионалӣ ва ҳуқуқии ҳамин озодиро таҷассум менамояд. Барои давлат Истиқлол маънои онро дорад, ки манбаи ҳокимият дар дохили кишвар мустақилона амал мекунад, қонунҳои худро қабул менамояд, сиёсати дохиливу хориҷиро муайян мекунад ва аз номи худ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад мекунад.
Дар ҳамин замина мафҳумҳои «Истиқлоли миллӣ» ва «Истиқлоли сиёсӣ» низ қобили таваҷҷуҳанд. Гарчанде онҳо дар адабиёти сиёсӣ баъзан ба маънои ба ҳам наздик истифода мешаванд, мазмуни онҳо яксон нест. Истиқлоли миллӣ пеш аз ҳама ба қобилияти миллат дар ҳифзи забон, фарҳанг, таърихи миллӣ, хотираи таърихӣ, анъанаҳо ва арзишҳои маънавӣ алоқаманд мебошад.
Истиқлоли сиёсӣ бошад, ба мустақилияти давлат, соҳибихтиёрии ҳокимияти давлатӣ, имконияти қабули қарорҳои мустақил ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ марбут аст. Агар ба забони содда ифода кунем, Истиқлоли миллӣ ба саволи «мо кистем?» ва Истиқлоли сиёсӣ ба саволи «сарнавишти худро чӣ гуна мустақилона муайян мекунем?» ҷавоб медиҳад. Дар давлати миллӣ ин ду ҷанба аз ҳам ҷудонашавандаанд.
Барои Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро давлатдории соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки унсурҳои муҳими ҳастии миллӣ дар шароити нави сиёсиву ҳуқуқӣ ҳифз ва инкишоф дода шаванд. Забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва хотираи давлатдорӣ на танҳо ҳамчун падидаҳои фарҳангӣ, балки ҳамчун пояҳои муҳимми худшиносии ҷомеа мавқеи устувор пайдо карданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣро забони давлатӣ эътироф карда, ҳамзамон истифодаи озоди забонҳои модарии дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакатро кафолат медиҳад. Ин гуна танзими конститутсионӣ нишон медиҳад, ки Истиқлоли миллӣ набояд ба маҳдуд намудани ҳуқуқҳои дигар гурӯҳҳои ҷомеа оварда расонад, балки бояд дар асоси эҳтироми ҳуқуқ, баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёбад.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят мураккаби таърихи охири асри XX ба даст омад. 24 августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад дар шароити ҳанӯз мавҷуд будани Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқии густариши мустақилияти ҷумҳуриро муайян мекард. Бо тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани шароити нави таърихӣ масъалаи Истиқлоли комили давлатӣ ба сатҳи нав баромад. 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамин сана ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хос пайдо кард.
Бо вуҷуди ин, Истиқлолро танҳо ба рӯзи эълони он маҳдуд кардан аз нигоҳи таърихӣ ва ҳуқуқӣ нокифоя аст. Эълони Истиқлол оғози раванди мураккаби давлатсозӣ буд. Давлати навбунёд бояд низоми нави идоракунӣ, мақомоти давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати иқтисодӣ, механизмҳои таъмини амният ва дигар институтҳои зарурии давлатдории муосирро ташаккул медод. Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушкилоти сахти амниятӣ рӯ ба рӯ гардид. Аз ин ҷост, ки арзиши Истиқлол барои Тоҷикистон танҳо дар худи далели аз лиҳози ҳуқуқӣ ба даст овардани мақоми давлати мустақил набуд, арзиши асосии он дар ҳифз намудани худи давлат, барқарор кардани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароите ифода ёфт, ки Истиқлол воқеан ва амалан пойдор гардад.
Дар ин марҳилаи тақдирсоз масъалаи ҳифзи давлатдорӣ ба масъалаи ҳифзи миллат ва Истиқлолпайваст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки Истиқлоли ҳуқуқӣ агар бо суботи сиёсӣ, ваҳдати ҷомеа ва фаъолияти муассири ниҳодҳои давлатӣ таъмин карда нашавад, метавонад дар назди таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ осебпазир гардад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон солҳои аввали Истиқлол вазифаи аввалиндараҷа ҳифзи ягонагии давлат, барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ буд.
Дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 аҳамияти таърихӣ дошт. Конститутсияи амалкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон менамояд.
Ҳамин тавр, Истиқлол аз як воқеияти сиёсӣ ба арзиши конститутсионӣ табдил ёфт ва пояҳои ҳуқуқии он дар санади олии давлат мустаҳкам гардиданд. Конститутсия на танҳо сохтори давлатӣ ва низоми ҳокимиятро муайян намуд, балки робитаи ногусастании соҳибихтиёрӣ, Истиқлол, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеаро низ муқаррар кард.
Моҳияти ин танзими конститутсионӣ дар он аст, ки Истиқлоли давлат ва ҳуқуқи инсон дар муқобили ҳам гузошта намешаванд. Баръакс, давлат маҳз ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии арзанда амал мекунад.
Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф карда, давлатро вазифадор месозад, ки онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ танҳо ҳудуди миллӣ ва мақоми байналмилалии давлат нест, мазмуни ниҳоии он бояд дар сатҳи таъмини зиндагии шоиста, амнияти инсон, адолат ва имкониятҳои рушди шахс низ зоҳир гардад.
Меъёрҳои конститутсионӣ инчунин нишон медиҳанд, ки Истиқлоли Тоҷикистон бо тамомияти арзӣ ва ягонагии давлат робитаи бевосита дорад. Конститутсия муқаррар менамояд, ки соҳибихтиёрӣ, Истиқлол ва тамомияти арзии ҷумҳуриро давлат таъмин менамояд. Ин меъёр аҳамияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки стратегӣ дорад. Тамомияти арзӣ шарти мавҷудияти давлати ягона буда, ҳифзи он барои суботи миллӣ, амнияти шаҳрвандон ва рушди устувори мамлакат заминаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, Конститутсия ташвиқот ва амалиёти ҷудоиандозиро, ки ягонагии давлатро халалдор мекунанд, манъ мекунад.
Истиқлоли Тоҷикистон ҷанбаи равшани байналмилалӣ низ дорад. Давлати соҳибистиқлол бояд на танҳо масъалаҳои дохилиро мустақилона ҳал кунад, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ бо иродаи худ иштирок намояд. Конститутсияи Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатро муқаррар намуда, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва Истиқлоли давлатҳои дигарро эътироф мекунад ва муайян менамояд, ки муносибатҳои хориҷӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд. Ин равиш нишон медиҳад, ки Истиқлол ба маънои ҷудошавӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Баръакс, Истиқлоли воқеӣ ба давлат имконият медиҳад, ки бо риояи манфиатҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ муносибатҳои баробарҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад.
Маҳз ҳамин ҳолат имкон дод, ки Тоҷикистон дар давраи Истиқлол ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро ташаккул диҳад. Узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъол дар баррасии масъалаҳои муҳими глобалӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. Давлати соҳибистиқлол танҳо он вақт дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо мекунад, ки дар дохили кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии он устувор бошанд.
Агар Истиқлолро танҳо аз диди сиёсӣ арзёбӣ кунем, қисми муҳими моҳияти он нодида гирифта мешавад. Истиқлол ҳамзамон падидаи иқтисодӣ мебошад. Давлате, ки дорои имкониятҳои мустақили пешбурди сиёсати иқтисодӣ, идоракунии захираҳои миллӣ, ташаккули низоми андозу буҷет, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мебошад, дар таҳкими соҳибихтиёрии худ имкониятҳои бештар дорад. Аз ин нуқтаи назар, рушди иқтисоди миллӣ яке аз кафолатҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад. Иқтисодиёти заиф метавонад вобастагии давлатро аз омилҳои беруна афзоиш диҳад, дар ҳоле ки иқтисоди рақобатпазир барои амалисозии сиёсати мустақили давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои рушди инфрасохтор, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ касб карданд. Маънои иқтисодии Истиқлол дар шароити муосир аз худтаъминкунӣ бо ҳар роҳ иборат нест; он бештар ба қобилияти давлат барои муайян намудани афзалиятҳои иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва иштирок дар иқтисоди ҷаҳонӣ бо нигоҳ доштани манфиатҳои худ алоқаманд мебошад.
Паҳлуи иҷтимоии Истиқлол низ ниҳоят муҳим аст. Давлати соҳибистиқлол дар назди шаҳрвандон вазифадор аст, ки барои рушди маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва зиндагии шоиста шароити муносиб фароҳам оварад. Конститутсияи Тоҷикистон давлатро иҷтимоӣ эътироф менамояд ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озоди инсонро аз самтҳои асосии фаъолияти давлатӣ медонад. Аз ин рӯ, меъёри муҳимми арзёбии натиҷаи Истиқлолна танҳо мавҷудияти институтҳои сиёсӣ, балки дараҷаи амалӣ шудани ҳуқуқу имкониятҳои иҷтимоии инсон низ мебошад.
Ҷанбаи фарҳангии Истиқлол бошад, пеш аз ҳама, дар эҳёи худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забон ва анъанаҳои миллӣ ифода меёбад.
Миллате, ки таъриху фарҳанги худро мешиносад ва арзишҳои худро эҳтиром мекунад, дар муқобили таъсирҳои беруна устувории бештар дорад. Аммо худшиносии миллӣ набояд ба дигарон муқобил гузошта шавад. Дар ҷомеаи муосир худшиносии миллӣ вақте арзиши созанда мегардад, ки бо таҳаммулпазирӣ, эҳтироми дигар фарҳангҳо ва эҳсоси масъулияти умумӣ дар назди Ватан ҳамоҳанг бошад.
Маънавияти Истиқлол дар сатҳи шуури шаҳрвандӣ зуҳур мекунад. Истиқлол вақте арзиши воқеии ҷамъиятӣ мегардад, ки шаҳрванд онро ҳамчун моли умумии тамоми миллат дарк намояд, на ҳамчун натиҷаи фаъолияти танҳо як гурӯҳ ё як давраи таърихӣ. Аз ин лиҳоз, эҳтироми Парчам ва Нишон, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтироми қонун, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва муносибати масъулиятнок ба Ватан бояд ҷузъи фарҳанги ҳаррӯзаи шаҳрвандӣ бошад. Истиқлол аз шаҳрванд на танҳо ифтихор, балки масъулият талаб мекунад.
Дар ин замина бояд ба масъалаи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Марҳилаи аввалини Истиқлоли Тоҷикистон бо буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамзамон гардид ва дар чунин шароит масъалаи асосӣ нигоҳ доштани давлат, барқарор намудани сулҳу субот ва ба вуҷуд овардани заминаҳои давлатдории устувор буд. Бо интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат ва оғози марҳилаи нави фаъолияти сиёсӣ раванди барқарорсозии давлат ва сулҳу субот ба самти муайянтар равона гардид. Раванди музокироти сулҳ ва оштии миллӣ, ки дар натиҷа ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷом ёфт, барои барқарор намудани суботи сиёсӣ ва нигоҳ доштани давлатдории соҳибистиқлол аҳамияти бузург дошт.
Дар баҳодиҳии ин марҳила бояд аз эҳсосоти сиёсӣ берун омада, ба натиҷаи таърихии он таваҷҷуҳ намуд. Сулҳу субот имкон дод, ки ниҳодҳои давлатӣ фаъолиятро ба таври муътадил идома диҳанд, низоми қонунгузорӣ рушд намояд, иқтисодиёт тадриҷан барқарор шавад ва сиёсати дарозмуддати давлат амалӣ гардад. Аз ҳамин ҷиҳат, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими давлатдорӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар таърихи Истиқлоли Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президентро ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафили Истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ ва пойдории давлат муайян мекунад. Маҳз тавассути ҳамин меъёри конститутсионӣ нақши сарвари давлат дар ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини давомнокии сиёсати давлатӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ низ муайян шудааст. Дар ҳамин замина, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна аз унсурҳои муҳимми марҳилаи баъдии рушди давлатдории Тоҷикистон гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат худ таҳкит мекунанд, ки Истиқлолдастоварди умумии миллат ва натиҷаи меҳнати тамоми ҷомеа мебошад. Аз ин ҷост, ки Давлат метавонад самтҳои стратегиро муайян намояд, вале татбиқи воқеии онҳо аз фаъолияти шаҳрвандон, кормандони мақомоти давлатӣ, зиёиён, соҳибкорон, омӯзгорон, олимон, ҷавонон ва ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст. Маҳз аз ҳамин нуқта Истиқлолаз мафҳуми сиёсӣ ба категорияи масъулияти шаҳрвандӣ табдил меёбад.
Дар шароити муосир мазмуни Истиқлол боз ҳам васеътар гардидааст. Агар дар гузашта масъалаҳои марз, ҳокимияти сиёсӣ ва эътирофи байналмилалӣ дар марказ қарор дошта бошанд, имрӯз ба онҳо масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, технологӣ, рақамӣ, иқтисодӣ ва экологӣ низ илова шудаанд. Давлати муосир бояд тавонад фазои иттилоотии худро ҳифз намояд, технологияи муосирро дар хидмати рушди миллӣ истифода барад, ба таҳдидҳои киберӣ муқовимат кунад, захираҳои табииро оқилона идора намояд ва дар шароити тағйирёбии босуръати муҳити ҷаҳонӣ мавқеи худро ҳифз кунад. Бинобар ин, Истиқлоли асри XXI танҳо маънои «мустақил будан»-ро надорад, он ҳамчунин маънои «қодир будан ба мустақилона амал кардан»-ро дорад.
Дар ин ҷо нақши қонун ва давлати ҳуқуқбунёд ниҳоят бузург аст. Истиқлоли сиёсӣ бе Истиқлоли ҳуқуқӣ устувор буда наметавонад.
Давлат бояд дорои низоми мукаммали қонунгузорӣ бошад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъалаҳои амният ва дигар муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намояд. Ҳамин аст, ки қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, рушди низоми адлия ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон аз самтҳои муҳимми таҳкими Истиқлол маҳсуб мешаванд.
Дар шароити давлатдории соҳибистиқлол рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, сифати идоракунии давлатӣ ва касбияти кадрҳо вобастагии мустақим дорад. Давлати муосир на танҳо ба қонунҳои хуб ва ниҳодҳои мукаммали давлатӣ, балки ба шахсони донишманд, соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад. Аз ин рӯ, маориф, илм, фарҳанг, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи мутахассисон бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди миллӣ баррасӣ карда шавад.
Қонун танҳо дар сурате метавонад кафили рушди устувори ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолат бошад, ки татбиқи он аз ҷониби кадрҳои босалоҳият ва дорои фарҳанги баланди ҳуқуқию шаҳрвандӣ таъмин гардад. Аз ин ҷост, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиши пайвастаи қонунгузорӣ, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҷомеа аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Ин раванд танҳо ба як соҳа ё як гурӯҳи касбӣ маҳдуд намешавад, балки бояд тамоми низоми давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро гирад.
Дар ин замина, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеа дар ташаккули кадрҳои соҳибмаърифат ва масъулиятшинос нақши муҳим доранд. Омода ва бозомузӣ намудани мутахассисон, пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, шинос намудани кадрҳо бо дастовардҳои навтарини илм ва технология, инчунин мутобиқ намудани малакаҳои касбӣ ба талаботи замони муосир ба баланд гардидани сифати идоракунӣ ва самаранокии фаъолияти давлатӣ мусоидат менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳими давраи Истиқлол рушди ҷавонон мебошад. Ҷавонон қисми зиёди аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва маҳз онҳо дар оянда масъулияти асосии идомаи давлатдориро ба уҳда мегиранд. Барои ҳамин, ҳифзи Истиқлол бояд аз тарбияи насли дорои дониш, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури таҳлилӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ оғоз гардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технология ва афзоиши ҳаҷми иттилоот ҷавонон бояд на танҳо истеъмолкунандаи иттилоот, балки таҳлилгари он бошанд. Ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд бо доштани ҷаҳонбинии муосир ва омодагӣ ба рақобати ҷаҳонӣ ҳамоҳанг бошад.
Истиқлол инчунин бояд ҳамчун кафолати худшиносӣ ва рушди инсонӣ фаҳмида шавад. Миллат танҳо вақте метавонад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта бошад, ки шаҳрвандони он ба таърихи худ эҳтиром дошта, ҳамзамон ба оянда нигаронида шаванд. Худшиносии ҳақиқии миллӣ на танҳо донистани номи қаҳрамонон ё санаҳои таърихӣ, балки дарк намудани он аст, ки давлатдорӣ, қонун, ваҳдат ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ чӣ қадар арзиш доранд ва ҳар як шахс дар нигоҳ доштани онҳо чӣ масъулият дорад.
Аз ин лиҳоз, Истиқлолро набояд ҳамчун воқеаи якдафъаина қабул кард. Он равандест, ки ҳамеша ба ҳифз, таҳким ва навсозӣ ниёз дорад. Давлате, ки имрӯз соҳибистиқлол аст, метавонад агар суботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худро нигоҳ дошта натавонад, дар оянда бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад. Аз ин рӯ, Истиқлол ҳамеша ба сифати ҳадаф ва ҳам ба сифати восита амал мекунад: ҳадаф — ҳифзи озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат, восита — фароҳам овардани шароити рушди устувори миллат ва инсон.
35 соли Истиқлоли Тоҷикистон собит месозад, ки давлатдорӣ танҳо аз қабули санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ иборат нест. Давлатдорӣ раванди пайвастаи таҳкими ниҳодҳо, рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи сулҳ ва ваҳдат, тарбияи шаҳрвандони масъул ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, ҷашни 35-солагии Истиқлол на танҳо ҷашни гузашта, балки нуқтаи арзёбии марҳилаи навбатии давлатсозӣ аст.
Имрӯз Тоҷикистон дар шароите рушд мекунад, ки муҳити байналмилалӣ бо суръати баланд тағйир меёбад. Рақобатҳои геополитикӣ, тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷаҳонишавии иттилоот ва рушди технологияҳо ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит Истиқлол аз давлат сиёсати оқилона, дурандешӣ, устуворӣ ва қобилияти мутобиқ шудан ба шароити навро талаб мекунад. Ҳар қадар давлат ниҳодҳои қавитар, қонунгузории мукаммалтар, иқтисоди устувортар ва ҷомеаи муттаҳидтар дошта бошад, ҳамон қадар Истиқлоли он устувортар мегардад.
Аз ин рӯ, мафҳуми «Истиқлоли комил» бояд бо эҳтиёткорӣ истифода шавад. Ҳеҷ давлати муосир дар ҷаҳони ба ҳам пайваста комилан аз ҳамкорӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва таъсири равандҳои байналмилалӣ ҷудо нест. Истиқлоли воқеӣ имрӯз дар қобилияти давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳангоми иштироки фаъол дар низоми байналмилалӣ зуҳур мекунад. Давлат бояд ҳамзамон ҳамкорикунанда ва соҳибихтиёр, ҳамгирошаванда ва дорои мавқеи мустақил бошад. Қудрати давлат на дар ҷудо шудан аз ҷаҳон, балки дар қобилияти оқилона истифода бурдани имкониятҳои ҳамкорӣ барои манфиатҳои миллӣ ифода меёбад.
Дар натиҷа метавон гуфт, ки Истиқлол барои Тоҷикистон танҳо санаи 9 сентябри соли 1991 нест. Ин сана оғози як марҳилаи нави таърихӣ буд, ки дар давоми он заминаҳои давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқӣ, сохтори давлатӣ, сиёсати хориҷӣ, иқтисоди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд. Қабули Конститутсия, барқарор гардидани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди институтҳои давлатӣ ва иштироки Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ аз муҳимтарин самтҳои ин раванд мебошанд.
Ҳамзамон, Истиқлол дастоварди ниҳоят нозук ва масъулияти доимист. Онро танҳо бо ёдоварии таърих ҳифз кардан мумкин нест. Истиқлол ба қонунмеҳварӣ, эҳтироми ҳуқуқ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ, маорифи босифат, фарҳанги баланди шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва меҳнати созанда ниёз дорад. Ватанро на танҳо бо сухан, балки бо фаъолияти ҳаррӯзаи созанда бояд обод кард.
Дар ин замина, сухан дар бораи 35-солагии Истиқлол бояд танҳо сухан дар бораи гузашта набошад. Он бояд ба саволи муҳимми дигар низ ҷавоб диҳад: мо аз Истиқлол чӣ гуна истифода мебарем ва барои солҳои минбаъда чӣ месозем? Зеро наслҳои оянда моро на танҳо аз рӯи он ки Истиқлолро бо чӣ эҳсос таҷлил намудем, балки аз рӯи он ки барои таҳкими давлат, рушди иқтисод, ҳифзи фарҳанг, такмили қонун ва тарбияи насли нав чӣ анҷом додем, арзёбӣ хоҳанд кард.
Соли 2026 барои Тоҷикистон соли махсус аст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлол ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бахшида шудааст. Ин таъкид аз ҷиҳати мазмун бо моҳияти худи Истиқлол пайванди амиқ дорад: Истиқлол бе созандагӣ рушд намекунад ва созандагӣ бе худшиносиву худогоҳӣ маънои пурраи миллӣ пайдо намекунад.
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ба ин арзиши муқаддас на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун вазифаи шаҳрвандӣ муносибат намояд. Ҳар як корманди давлатӣ бояд бо фаъолияти софдилона ба таҳкими давлат мусоидат кунад; ҳар як ҳуқуқшинос бояд волоияти қонунро ҳифз намояд; ҳар як омӯзгор бояд насли босавод ва ватандӯст тарбия кунад; ҳар як соҳибкор бояд дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм гузорад; ҳар як ҷавон бояд дониш ва неруи худро барои ояндаи кишвар равона созад. Ҳамин муносибати масъулиятнок Истиқлолро аз мафҳуми сиёсӣ ба фарҳанги зиндагии ҷомеа табдил медиҳад.
Истиқлол дар ниҳояти кор ба инсон ва Ватан пайвандии зич дорад. Давлати соҳибистиқлол бояд давлате бошад, ки шаҳрвандаш дар он худро соҳиби Ватан, ҳуқуқ ва ояндаи худ эҳсос намояд. Аз ин рӯ, қудрати воқеии Истиқлол дар омезиши соҳибихтиёрии давлатӣ, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг ва худшиносии шаҳрвандӣ зоҳир мегардад.
Имрӯз, баъди 35 соли роҳи пурпечутоби давлатдории навин, Тоҷикистон дорои таҷрибаи арзишманди давлатсозӣ мебошад.
Ин таҷриба ба мо меомӯзад, ки Истиқлолро ба даст овардан муҳим аст, аммо аз он ҳам муҳимтар ҳифз кардан, таҳким бахшидан ва барои рушди минбаъдаи кишвар самаранок истифода бурдан мебошад. Насли имрӯза масъули он аст, ки дастовардҳои Истиқлолро ба наслҳои оянда ҳамчун давлати боз ҳам қавитар, ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтар ва низоми ҳуқуқии боз ҳам устувортар ба мерос гузорад.
Истиқлолият дастоварди бузурги таърихӣ буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи ҳамешагии насли имрӯз ва кафолати зиндагии шоистаи наслҳои оянда мебошад. Он 9 сентябри соли 1991 ҳамчун воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон эълон гардид, вале пойдории он дар ҳар давру замон ба қонуният, ваҳдати миллӣ, меҳнати созанда, дониш, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон на танҳо ҳамчун ҷашни як дастоварди бузурги таърихӣ, балки ҳамчун рамзи масъулияти миллӣ, таҳкими давлатдории навин ва идомаи роҳи созандаву таърихии миллати тоҷик арзёбӣ намуд.
То даме ки Истиқлолро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ ҳифз менамоем, Конститутсия ва қонунро эҳтиром мекунем, сулҳу ваҳдатро арзиш медонем, барои рушди иқтисоду иҷтимоиёти кишвар меҳнат мекунем, забон ва фарҳанги миллиро пос медорем ва насли ояндаро бо рӯҳи худшиносиву худогоҳӣ тарбия мекунем, Истиқлоли Тоҷикистон устувор хоҳад монд. Ва маҳз ҳамин аст моҳияти аслии Истиқлол: озодии интихоби сарнавишт, масъулияти ҳифзи давлат ва иродаи созанда барои бунёди ояндаи беҳтар.
Собирзода Исфандиёр Салом, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон