Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЙДЕВОРИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатӣ волотарин ва муҳимтарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони нав маҳсуб меёбад. Ин ҳаводиси фараҳбахшу хотирмон ба миллати тоҷдори тоҷик нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистон овардааст. Гарчанде дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Имрӯз мардуми шарифи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷашнвораи бузургу муқаддаси миллӣ – 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Воқеан ҳам, ин ҳама суботу нишот, нусратёбию зафармандӣ, комрониву шодмонӣ ва дар умум тамоми шаҳдҳову сурур, самара ва меваи Истиқлоли давлатӣ аст.
Боиси тазаккур аст, ки бузургтарин ва беҳтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик Истиқлоли давлатӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин арзиши миллӣ, барои мардуми шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ аст, ки барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва хуқуқбунёду ягона, асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Бинобари ин, вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.
Мусаллам аст, ки Истиқлоли кишварамон ба давраи душвори таърихӣ рост омад. Дар рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон шаҳди ширини истиқлолро ҳанӯз начашида, мубталои найранги мухолифин гашта, ба чоҳи зулмот афтода буд. Ин ҳам бошад бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ буд, ки кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Ин марҳилаи таърихӣ, агар аз як тараф оҳанги баланд гардидани худшиносӣ бошад, аз дигар тараф ҷанги таҳмилие буд, ки метавонист ба марги миллат табдил ёбад. Афсус, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонид, аз ҷумла тамоми хоҷагии халқро хароб намуда, иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро ба таназзул рӯ ба рӯ кард. Ҳатто дар ин ҷанги бародаркушӣ, меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида, оддитарин ҳуқуқ ба озодӣ риоя намегардид ва ҷинояткорӣ ба як кирдори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Оқибати ин ҷанг ба ҷуз аз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наёвард. Чунки дар ин ҷанг зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ қурбон гашта, зарарҳои молии ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст. Албатта, ҳисороти моливу иқтисодӣ дар баробари талафоти 150 ҳазор ҷавон ҳеҷ аст, зеро мол ва иқтисодро метавон барқарор кард, вале талафоти марги инсонҳо ҷуброннопазир аст. Дар он айём мамлакат ба буҳрони азими сиёсиву иқтисодӣ дучор гардида, ҳатто хавфи аз байн рафтани давлату миллати тоҷик пеш омада буд. Хушбахтона, бо ҷаҳду талоши Сарвари давлат, баъд аз Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хавф бартараф гардида, дар мамлакат заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд. Бояд хотирнишон намуд, ки Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураккабтарин ва сангинтарин ҷодаҳоро аз сар гузаронида, кишварро ба сӯи таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ раҳнамун сохтааст.Инчунин, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушду такомули давлатдории нав кишвари азизамон пайваста қадамҳои устувори худро гузошта, бо беш аз се даҳсолаи даврони Истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Хусусан, бо шарофати сиёсати дурнигаронаву хирадмандонаи роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон равобити судмандро бо ҷаҳони хориҷ барқарор кардааст. Айни замон Тоҷикистон дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳо ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 179 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст ва дар ин замина, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст. Дар баробарин ин, пас аз мустақил гардидани кишвар соҳаи ҳуқуқ низ ба яке аз соҳаи рушдкарда ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ таъмин карда шудааст. Дар замони ҳозира вусъати бемисли рушди бахшҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, иҷтимоӣ, тамаддуни фарҳанги ҷаҳони муосир, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байналмилалӣ дар назди нотариусони давлатӣ вазифа гузошта шудааст, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми нотариатӣ, баамалбарории амалиётҳои нотариалӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Маврид ба зикр аст, ки нотариати давлатӣ самараи Истиқлоли давлатӣ буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти низоми нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Вазифаи асосии нотариати давлати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат бо роҳи аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо овардани амалиёти нотариалии пешбининамудаи қонунгузорӣ мебошад. Зиёда аз ин, дигар вазифаҳои нотариат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” муқаррар гардидааст. Доираи ваколатҳои идораҳои нотариалии давлатӣ оид ба пешбурди амалиёти нотариалӣ хеле васеъ аст, яъне тасдиқ намудани аҳдҳо, шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, додани шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқ ба мерос, тасдиқ намудани ҳаққонияти нусхаи ҳуҷҷатҳо, тасдиқ намудани дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар, навишта додани номаҳои иҷроия, додани шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқи моликият ва ғайраро танзим менамояд. Фаъолияти идораҳои нотариалии давлатӣ таҳти назорати давлат қарор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” назоратро аз болои фаъолияти идораҳои нотариалии давлатӣ ба зиммаи Вазорати адлия, раёсатҳои адлияи ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон вогузор намудааст. Воқеан ҳам, имрӯз тамоми дастовардҳои идораҳои нотариалии давлатӣ аз баракати Истиқлоли давлатӣ буда, барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани ин соҳа бояд тамоми кормандони идораҳои нотариалии давлатӣ саҳмгузор бошем. Чунин комёбиҳо пас аз чандин сол дар таърихи халқи тоҷик маҳз бо шарофати сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонист. Ҳамин тавр, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт.
Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд. Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи тамоми қишри ҷомеа як умр боқӣ хоҳад монд.
Дар фаровард, ки мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни тоҷикон қарор дорем, орзу менамоям, ки 35 соли Истиқлол чун 35 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад. Бигузор, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи поянда, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.
Пулодӣ Хусрав ШАРАФЗОДА, сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон