Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар кори Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл, ки аз 30-юми июн то 2-юми июли соли 2026 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, иштирок ва суханрони намуд.
Зимни суханронӣ дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ислоҳоти судӣ -ҳуқуқӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ пас аз боздоштани ҷазои қатл дар соли 2004 ва нақшаҳои минбаъда оид ба такмили қонунгузорӣ ва амалияи мавҷуда муаррифӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки дар мамлакат сиёсати башардӯстона пас аз боздоштани ҷазои катл бо дар назар доштани уҳдадориҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва амалияи байналмилалӣ идома дода мешавад.
Иброз гардид, ки дар таҳрири нав таҳия кардани Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва «Дар бораи пробатсия» аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ба иштирокчиёни Конгресс иттилоъ дода шуд, ки барои пурра аз байн бурдани ҷазои қатл бояд ислоҳоти қонунгузории ҷумҳурӣ ва низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ идома ёфта, шароити муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва нигаҳдории маҳбусоне, ки нисбаташон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озоди татбиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
Дар фарҷоми суханронӣ вазири адлия омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи муколамаи кушоду созанда оид ба масъалаи бекор намудани ҷазои қатл иброз дошт.
Конгресси ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл бузургтарин платформае мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ ва 90 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад.