1 июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустӣ як қатор чорабиниҳои маърифатӣ ва иҷтимоӣ доир карда шуд.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустӣ ба 758 нафар кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд дар вазъияти тантанавӣ супорида шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар доираи чорабиниҳои баргузоргардида инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба аҳаммияти бақайдгирии давлатии таваллуд, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва масъулияти падару модарон дар таъмини ҳуқуқҳои кӯдак анҷом дода шуданд.
Ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва маводи тавзеҳотӣ дастрас гардид.
Иброз карда шуд, ки шаҳодатномаи таваллуд аввалин ҳуҷҷати расмии кӯдак буда, бақайдгирии давлатии таваллуд барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба ном, шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва таҳсилот аҳаммияти муҳим дорад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ минбаъд низ ҷиҳати таъмини бақайдгирии саривақтии давлатии таваллуд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.