Бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 зикр гардидаанд, вохӯрии судманд бо сокинон ва фаъолони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардид.
Зимни мулоқот ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Исфандиёр Салом, дар мавзӯи таҳкими қонунгузорӣ ва нақши он дар устувории ҷомеа гузориши муфассал пешниҳод намуд.
Дар меҳвари баромади Исфандиёр Собирзода масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон қарор дошт.
Таъкид гардид, ки андешидани тадбирҳои доимӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон самти калидии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Ин иқдом на танҳо барои боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, балки барои таъмини иштироки фаъолонаи насли наврас дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар гузориш қайд шуд, ки таҳкими мақомоти қонунгузорӣ дар ҷодаи амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
Ин раванд ба таъмини рушди устувори кишвар, таҳкими суботу оромии давлат ва ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Зимни шарҳи нуктаҳои асосии паём, Исфандиёр Собирзода иброз дошт, ки фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтар барои таҳсил ва кору фаъолияти кӯдакону ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат аст.
Танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан мо метавонем ба ободии кишвар ва пешрафти иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем.
Дар идомаи мулоқот, Исфандиёр Собирзода ба дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳими Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, самтҳои зеринро ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок шарҳ дод:
Рушди иқтисоди рақамӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ:
Зимни баромад таъкид гардид, ки мувофиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти адлия мебошад.