Хирадмандии роҳбари давлат на танҳо дар донистани қонунҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ зоҳир мегардад, балки пеш аз ҳама, дар қобилияти мутобиқ намудани сиёсати миллӣ ба шароити тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таҷассум меёбад.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳон пур аз таҳаввулоти босуръат, рақобатҳои геополитикӣ ва хатарҳои нав мебошад, нақши роҳбари устувор ва дорои ҷаҳонбинии фарогир аҳамияти бузург касб мекунад.
Таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли зиёда аз се даҳсола нишон дод, ки сиёсати хирадмандона метавонад давлатро аз марҳилаҳои душвор, аз ҷумла буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ба марҳилаҳои нави субот ва пешрафт расонад. Дар давраи пасошӯравӣ, ки бисёр кишварҳои минтақа аз нооромӣ, низоъ ва бесуботии сиёсӣ ранҷ мебурданд, Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист роҳе интихоб кунад, ки ба сулҳ, ваҳдат ва эҳёи иқтисодӣ овард.
Қарорҳои муҳим, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он қабул гардиданд, мисли Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), намунаи олии роҳбарии хирадмандона мебошанд.
Ин санад на танҳо пояи сулҳи пойдорро гузошт, балки заминаи ташаккули модели нави давлатдории тоҷиконро фароҳам овард. Хирадмандӣ дар сиёсати давлатдорӣ ҳамеша бо тавоноии пешбинӣ ва қабули қарорҳои саривақтӣ алоқаманд аст.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудааст, ки «сиёсати давлат бояд пеш аз ҳама ба манфиати инсон, таъмини амният ва рушди ҷомеа равона гардад». Ин рӯҳия дар тамоми барномаҳои стратегии давлатӣ таҷассум ёфтааст — аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» то барномаҳои соҳавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ намунаи возеҳи роҳбарии хирадмандона аст.
Бо дарки амиқи воқеиятҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, Пешвои миллат сиёсати хориҷиро бар асоси дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон ва шарикони стратегӣ роҳандозӣ намуданд. Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамаи кишварҳо сиёсати «дарҳои боз» ва мувозинатро пеш гирифтааст, ки ба ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи ин сиёсат, Тоҷикистон тавонист бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя — Чин, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон муносибатҳои мутақобилан судманд барқарор намояд.
Бо Чин ва Русия ва дигарон ҳамкориҳои стратегӣ ва бо кишварҳои ғарбӣ робитаҳои мувозинатнок рушд карданд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба монанди СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва як қатор дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилаӣ нақши фаъоли худро соҳиб гардидааст.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки роҳбарии хирадмандона на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун унсури устувори сиёсати миллӣ амал мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими роҳбарии хирадмандона, ки аз тарафи Пешвои миллат пайгирона татбиқ мешавад, ин сиёсати об, энергетика ва экология мебошад. Тоҷикистон, ки манбаъҳои фаровони обӣ дорад, зери роҳбарии Пешвои миллат ташаббусҳои ҷаҳониро оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ба миён гузошт.
Аз ҷумла, пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид — солҳои байналмилалии об (2003, 2013, 2025) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) мавқеи кишвари моро дар сиёсати ҷаҳонии экологӣ таҳким бахшиданд.
Ин ташаббусҳо на танҳо манфиати миллӣ, балки манфиати умумибашариро дарбар мегиранд ва нишон медиҳанд, ки роҳбарии хирадмандона ҳамеша аз доираи манфиатҳои маҳдуд берун меистад.
Ҳамзамон, хирадмандӣ дар роҳбарӣ бо тавоноии мутавозин нигоҳ доштани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ вобастагӣ дорад. Дар шароите ки ҷаҳон шоҳиди таназзули иқтисодӣ, муноқишаҳои геополитикӣ ва афзоиши таҳдидҳои амниятӣ аст, Тоҷикистон тавонистааст, ки суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоиро ҳифз намояд.
Ин амр аз таҷрибаи роҳбари шахсе шаҳодат медиҳад, ки сиёсати дохилии худро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва ҳамзамон бо дарки масъулияти ҷаҳонӣ тарҳрезӣ кардааст.