Ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ин ё он шакли муносибати одамонро ифода менамояд.
Чунин муносибат метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад. Агар инсон арзиш ва зарурати ҳуқуқро дар ҷомеа дарк намояд, он гоҳ муносибат нисбат ба ҳуқуқ ва зуҳуротҳои ҳуқуқӣ мусбӣ мебошад.
Дар ҳолати акс, вай метавонад ба таври манфӣ сурат гирад.
Ғайр аз ин амал дар баробари ҳодиса ҳолати воқеӣ-ҳуқуқӣ буда, асоси пайдоиш, тағйир ва қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ки вобаста ба ин амали ҳуқуқӣ яке аз намудҳои амали иҷтимоии инсон эътироф карда мешавад.
Инсон оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот гирифта, онро бо арзишҳои шахсии худ муқоиса мекунад ва ба онҳо баҳо медиҳад. Фаҳмиши моҳияти ҳуқуқ аз тарафи инсон барои амалӣ намудани мақсад ва манфиати инсон мусоидат менамояд. Зеро фаҳмиши бошууронаи моҳияти ҳуқуқ аз ҷониби инсон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар амалӣ шудани ҳуқуқ амалӣ гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро бубинад.
Лекин ҳолати мазкур аз он вобастагӣдорад, ки шуури ҳуқуқии инсон дар кадом сатҳ қарор дорад.
Дар ҳолати боло будани нигилизми ҳуқуқӣ, дар хусуси рафтори ҳуқуқӣ сухан ҷой дошта наметавонад.
Зеро нигилизми ҳуқуқӣ арзи ҳастӣ намудани ҳуқуқро ба таври фаъол ва ё ғайрифаъол инкор мекунад, ки як шакли дигари онро инфатилизми ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Инфатилизми ҳуқуқӣ дараҷаи аввали шаклдигаркунии ҳуқуқ ба шумор меравад. Инфатилизми ҳуқуқӣ ва нигилизми ҳуқуқӣ хилофи рафтори қонунӣ буда, талаботи онро халалдор месозад.
Зеро рафтори қонунӣ, чи хеле ки Ҳамидов Х. ва Алиев З. қайд мекунанд, - рафтори зарурӣ, дилхоҳ ва равои (имконпазири) субъектони ҳуқуқ мебошад, ки ба манфиати давлат, ҷамъият ва шахс равона шуда, мувофиқи талаботи меъёрҳои ҳуқуқ сурат мегирад ва аз ҷониби давлат кафолат ва ҳифз карда мешавад. Аз мафҳуми додаи рафтори қонунӣ бармеояд, ки вай рафтори бошууронаи инсон аст, ки аз дарки қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайдо мегардад.
Вобаста ба ин бо он розӣ шудан мумкин аст, ки «инсон қонунро дониста, онро баҳо дода, ба хулоса меояд, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ӯ чӣ кор карда метавонад - қонунро барои амалӣ намудани вазифаҳои шахсии худ истифода барад ё иҷро накунад, ё ин ки қонунро қатъиян риоя намояд ё дигар санади меъёрии ҳуқуқиеро ёбад, ки ба манфиат ва талаботи ӯ ҷавобгӯ бошад». Дар асоси ин барои он ки моҳияти шуури ҳуқуқӣ дуруст дарк ва фаҳмида шавад, зарур аст худи шуури ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад
Таҳлилҳои мазкур бошанд ба таври худкор ба нишонаҳои рафтори қонунӣ ишора месозанд, ки онҳоро ба таври зерин тасниф намудан мумкин аст: а) ба талаботҳои меъёри ҳуқуқ мувофиқ мебошад; б) барои ҷамъият зарур (риояи рафтори манъшуда, иҷрои ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ), дилхоҳ (иҷрои ҳуқуқи субъективӣ, ки барои ҷамъяит муфид мебошанд, ба монанди, гирифтани маълумоти олӣ, таш кили оила ва амсоли инҳо) ва раво (истифодаи ҳуқуқи субъективӣ барои ҷамъият номатлуб, аммо иҷозатдодашуда, ба монанди ҳуқуқ ба корпартоӣ, ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ва амсоли инҳо); в) рафтори бошуур мебошад. Нишонаҳои рафтори қонунӣ бошад дар маҷмӯъ ба яке аз хусусиятҳои он - хусусияти иҷтимоӣ доштани рафтори қонунӣ ишора мекунад.
Вобаста ба ин рафтори қонунӣ яке аз намудҳои рафтори иҷтимоии одамон буда, - қайд мекунад Марченко М.Н., - дар шароити бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун намуди пешбарандаи маҷмӯи амалҳои иҷтимоии назаррас ва рафтори одамон эътироф мегардад.
Дар ин ҷо бо он розӣ шудан мебояд, ки иҷрои ӯҳдадориҳо дар асоси содир намудани амалҳои муайян дар як қатор ҳолатҳо бо худдорӣ кардан аз содири ин ё он амалу рафтор баробар карда мешавад.
Новобаста аз оне, ки иҷрои ӯҳдадорӣ бо кадом роҳ - вобаста ба амалҳои фаъоли шахс ё вобаста аз худдорӣ намудан аз амали муайян (ба тави ғайрифаъол) ба даст оварда мешавад, он натиҷаи дар ҳаёт татбиқ гардидани нишондодҳои ҳатмии қонун ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки хусусияти хоси рафтори қонуниро иҷро ва пайгирии қатъӣ ва бечунучарои талаботи дар меъёри ҳуқуқӣ мустаҳкам гардида ташкил медиҳад.