Тоҷикистони муосир дар давраи тақдирсози гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи озоду худтанзимшавандаи либералӣ, аз тамаддуни анъанавӣ ба тамаддуни либералӣ қарор дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло арзишҳои умумиинсонии ҳуқуқӣ (ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, волоияти ҳуқуқ ва қонунияти ҳуқуқӣ, давлати ҳуқуқии иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимият, парламенти касбӣ), либералӣ (озодии фардӣ, моликияти фардӣ, бозори озод, муносибатҳои бозоргонӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ), сиёсӣ - маънавӣ (плюаризми сиёсӣ ва мафкуравӣ, кунонидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, истифодаи озодонаи воситаҳои ахбори омма, дастовардҳои фарҳангӣ, ақидаву анъанаҳои миллӣ) ташаккул ёфта истодааст.
Тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмунан дигар шуда, фаҳмиши ҳуқуқ ва унсурҳои дохилии шуури ҳуқуқӣ тағйир ёфта истодаанд.
Ин дигаргунӣ ҳоло дар ду шакли асосӣ сурат мегирад: дар сатҳи назариявӣ (соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ) ва дар амалияву ҳаёти муқаррарӣ. Тафаккури ҳуқуқии намояндагони амалияи ҳуқуқӣ, кормандони мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳифзи ҳуқуқ низ солҳои охир тағйир ёфт.
Аз як тараф, зарурат ва ҷараёни коркарду қабули санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии ҷавобгўи дигаргунсозиҳои куллии ҷамъиятӣ, татбиқи қонунҳои нави замони нав дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозӣ, аз тарафи дигар, шиносоии кормандони амалӣ бо таҷрибаи ғании давлатҳои мутамаддин (дар масъалаи истифодаи арзишҳои ҳуқуқи башар) асоси васеъшавии тафаккури ҳуқуқии онҳо гардид.
Шуури ҳуқуқии аҳолӣ низ тағйир ёфт.
Акнун одамон ба қонунҳо бо як боварии хоса менигаранд, дар онҳо василаи беҳбудии ҳаётро мебинанд.
Бесабаб нест, ки намоиши ҷаласаҳои парламентӣ тариқи телевизиону радио таваҷҷўҳи бештари мардумро ба худ ҷалб мекунад.
Ишироки одамон дар муҳокимаи қонунҳо (ё дар ҷараёни қабул, ё баъди он) дар сатҳи муқаррарӣ бошад ҳам ҷоннок шуда истодааст.
Аъзоёни ҷомеа камбудиҳои танзими ҳуқуқиро ошкор сохта, атрофи онҳо ибрози озоди ақида доранд.
Ҳар як ҳодисаи вайрон намудани талаботҳои қонун дар фаъолияти шахсони мансабдор, алалхусус, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд объекти гуфугўю муҳокимаи аҳолӣ мегардад. Ҳамаи ин далели он аст, ки ҳоло нақш ва аҳамияти ҳуқуқ дар ҷомеа афзуда истодааст, тафаккури ҳуқуқии аъзоёни ҷомеа торафт васеъ ва сатҳи он баланд шуда, шаҳрвандон бо як зиракиву ҳушёрии хоса ба ҳар як мувафаққияту нуқсони ҳаёти ҳуқуқӣ эътибору таваҷҷўҳ зоҳир намуда истодаанд.
Дар айни замон ҳар яке аз дигаргуниҳои дар боло оварда шуда дар баробари худ паҳлўҳои гуногунро дорад, ки соҳаҳои гуногуни ҳаётро фаро мегирад.
Масалан, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз қабули Конститутсия оғоз гардида, сипас дар шаклҳои мухталиф ҷараён гирифт, аз қабили вориди низоми қонунгузории миллӣ гардидани санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, эътирофи афзалияти онҳо нисбати ҳуқуқи дохилидавлатӣ, фаъолияти қонунгузорӣ ва ғайра.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол метавонад аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври пурра истифода барад. Воқеан ҳам ҳамин тавр аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 роҳи тараққиёту пешрафти худро дар ҳазорсолаи сеюм бо назардошти таҷрибаи мусбии ҷаҳонӣ муайян сохт.
Тақдири минбаъдаи халқи тоҷик бо тақдири ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст гардид.
Халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди ватанпарварӣ дар назди наслҳои имрўзаву оянда тақдирашро бо арзишҳои тамаддуни либералӣ, давлати ҳуқуқӣ ва конститутсионии демократӣ алоқаманд намуд, ки ҷавобгўи манфиатҳои ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аҳамияти калони таърихӣ ва тақдирсоз дорад.
Таҳкурсии давлати навро ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Воқеӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини озодии вай, ривоҷи ташаббускориву эҷодкорӣ, худшиносии шахсӣ ва масъулиятнокӣ, плюаризми сиёсӣ ва мафкуравӣ, ифодаи озодонаи фикри шахсӣ, вусъати воситаҳои ахбори омма ва нақши баланди ахбор дар ҳаёти ҷомеа - асоси фаъолияти мўътадили давлатии ҳуқуқии иҷтимоӣ мегардад.