Дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария “Дастрасӣ ба адолат”, ХЕЛВЕТАС дар ҳамкорӣ бо Муассиаси Давлатии Маркази Ёрии Ҳуқуқии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои дорои факултаи ҳуқуқшиносӣ бахусус Донишгоҳи Милии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон клиникаҳои ҳуқуқиро дар ин донишгоҳҳо ташкил ва такмил доданд.
Ҳамзамон дар доираи ҳамин ташаббус Хелветас Донишгоҳи Давлатии Хоруғро дар ташкил намудани маркази захираҳои омузишӣ дар самти ҳуқуқ дар назди факултаи Таърих ва ҳуқуқ, дастгирӣ намуд.
Бояд гуфт, ки клиникаҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд, ва дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, клиникаҳои ҳуқуқӣ дар беҳтар кардани сифати тайёрии касбии донишҷӯён саҳм мегузоранд.
Клиникаҳои ҳуқуқии нав кушодашуда пурра бо компютерҳо, ноутбук, принтер, теливизиор ва мебелҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои таҷрибаомузии донишҷӯен шароити беҳтаринро фароҳам овардаанд.
Дар баробари ин бо мақсади тақвияти фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ, аз тарафи Хелветас 60 адад маводи ҳуқуқӣ (Кодекси мадании ҶТ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ, Кодекси андози ҶТ, Кодекси ҷиноятии ҶТ, Кодекси оилаи ҶТ), Дастрасӣ ба базаи ҳуқуқии «Адлия» ва Барномаи зидди вирусии Kaspersky таъмин гардиданд.