Бояд гуфт, ки ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккури инсонӣ ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рушноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушаххасан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад.
Ин натиҷаро дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмиллалӣ қарор дорад. Воқеан, ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шоҳсутуни бахти миллат ва шуҳрату шони тахти миллат аст.
Дар ҳар сарзамине, ки дӯстию ваҳдат ҳукмфармо бошад, он ҷо сулҳу амонӣ пойдор гашта, дари пешрафту тараққиёт ва некӯаҳволӣ боз мегардад. Дар устувору поянда ва ҷовидон нигоҳ доштани сулҳу амният ва ваҳдату ягонагии миллӣ саҳми ҳар яки мо назаррас аст.
Дар асоси таҳлилу масъалагузориҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз воқеаҳои муҳими таърихи кишвари мо ба ҳисоб рафта, метавон шоҳиди он гашт, ки миллати тоҷик дар ҳеҷ як давру замон тарафдори ҷангу хунрезӣ набуд ва ҳамеша барои таъмини сулҳ ва ризоият талоши зиёд менамояд.
Ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар ҳар давру замон аз қонунияти муҳими суботу рушди ҷомеа ва давлат, таъмину қонунияти тартиботи ҷомеа мебошанд.
Барои таҳким бахшидан ба ин сулҳу субот мо шаҳрвандонро зарур мебошад, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, риоя намудани Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат, эҳтироми Ватан, ҳимоя ва таҳкими иқтидори амниятӣ ва мудофиавии он, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарзандони бонангу номуси кишвар ва хотираи неки қаҳрамони Ватан, ҳифзи амнияти давлат, тамомияти арзии он, рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамеша саҳмгузор бошем.
Иди ваҳдат, иди ягонагии миллӣ бароятон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон