Аз 12 то 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъба ва бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯзҳо дар тамоми гушаву канори кишвар бо иштироки васеи сокинон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва аҳли фарҳанг чорабиниҳои тантанавии 178 ҷуфт навхонадорон доир карда шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲШ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Инчунин ба 706 нафар тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамзамон 15 май дар меҳмонхонаи Кангурд бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид, ки дар он муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода иштирок намуд. Тибқи баҳодиҳии ҳайати комиссияи озмун оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Бахшида ба ин рӯз 318 оилаҳои намунавӣ, ки дар тарбияи фарзандони солим, таҳкими арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд бо ифтихорнома ва туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Рӯзи байналмилалии оила ҳамасола ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ва масъулияти волидайн дар ҷомеа арҷгузорӣ карда мешавад.