Барои муйаян кардани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин росто, муҳим аст, ки сабабҳои аслии дуздии барқ низ равшан карда шаванд. Аксар вақт, омилҳои зерин сабаби даст задани бархе шаҳрвандон ба дуздии нерӯи барқ мегарданд:
Вазъи ноустувори иқтисодии аҳолии камбизоат;
Набудани назорати дақиқ ва самаранок;
Фарҳанги пасти пардохти ҳаққи хизматрасониҳо;
Боварии мардум ба беҷазоӣ;
Камбуди дастрасӣ ба маълумот дар бораи оқибатҳои ҳуқуқӣ.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар коҳиши таъсири ин омилҳо саҳмгузор бошад. Масалан, созмонҳои ғайриҳукуматӣ метавонанд бо дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои ниёзманд дар насби ҳисобкунакҳо ва омӯзиши истифодаи сарфакоронаи барқ кумак расонанд. Инчунин, созмонҳо метавонанд дар маҳалҳо чорабиниҳои «Фарҳанги истифодаи қонунӣ аз барқ» баргузор намоянд. Зеро, яке аз роҳҳои асосии пешгирии дуздии барқ — баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолист. Мутаассифона, дар бисёре аз минтақаҳо мардум намедонанд, ки дуздии барқ амали ҷиноятӣ буда, мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ҷазо дорад, зарари молиявии ширкатҳои барқ ба таври ғайримустақим ба худи мардум бармегардад, бо дуздии барқ, на танҳо низом зарар мебинад, балки нерӯи кофӣ ба бемористонҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳо намерасад. Фаъолияти васеи маърифатии ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ин фазои беэътиноиро шиканад. Масалан, ҳуқуқшиносон метавонанд дар деҳот ва маҳаллаҳо дарсҳои омӯзишии ҳуқуқӣ доир намоянд.
Ҳамкории сеҷониба: давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО. Барои он ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо дуздии барқ самарабахш бошад, ҳамкории муназам ва мақсаднок бо сохторҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма зарур аст. Масалан ширкатҳои барқ метавонанд бо созмонҳои ҷамъиятӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бубанданд, ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ба ВАО мавод ва маълумот пешниҳод намояд, телевизион ва радио метавонанд мавзӯи дуздии барқро тавассути филмҳо ва ток-шоуҳо баррасӣ намоянд.
Яке аз таҷрибаҳои муваффақ — ташкили «гурӯҳҳои мониторинги шаҳрвандӣ» аст, ки дар баъзе ноҳияҳо бо кӯмаки мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шудаанд.
Таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигар
Дар кишварҳои пешрафта, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар танзими раванди истифодаи барқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо хеле муассир аст. Масалан дар Ҳиндустон созмонҳои шаҳрвандӣ бо дастгирии ҳукумат ба оилаҳои камбизоат дар гузариш ба истифодаи қонунии барқ кумак мерасонанд. Дар Африқои Ҷанубӣ гурӯҳҳои ҷавонон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои барқ лоиҳаҳои «Нерӯи пок, шаҳрвандони масъул» роҳандозӣ кардаанд. Дар Лаҳистон ва Чехия созмонҳои ғайриҳукуматӣ барномаҳои таълимии электронии «Нерӯи масъул»-ро таҳия намудаанд. Аз ин таҷрибаҳо метавон дар Тоҷикистон низ истифода бурд, бахусус бо ҷалби ташкилотҳои донорӣ.
Пешниҳодҳо барои густариши нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ 1. Ҷорӣ кардани барномаҳои омӯзишии махсус дар мактабҳо ва донишгоҳҳо. Дар баробари таълими фанҳои умумӣ, бояд шунавандагон ва донишҷӯёнро бо масоили истифодаи самаранок ва қонунии нерӯи барқ шинос кард.
2. Ташкили кумитаҳои назорати ҷамъиятӣ. Дар маҳаллаҳо кумитаҳое бояд фаъол гарданд, ки бо намояндагони ташкилотҳои маҳаллӣ ва ширкатҳои барқ ҳамкорӣ кунанд.
3. Санҷиши шаффоф ва мустақили ҳолатҳои дуздӣ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар муайянкунии ҳолатҳои эҳтимолии фасод дар низоми ҳисобу пардохти барқ мусоидат намояд.
4. Тарғиб ва эътирофи шахсони намунавӣ. Шахсоне, ки бо фаъолияти худ дар пешгирии дуздии барқ саҳм гузоштаанд, бояд дар ВАО ва дар чорабиниҳои давлатӣ қадрдонӣ шаванд.
Маърифат ва сиёсати давлатӣ. Бо дастгирии давлат, имкониятҳои бештар барои вусъат додани маърифати барқистеъмолӣ ва истифодаи дурусти манбаъҳои энергетикӣ фароҳам оварда мешавад. Дар кишварҳои пешрафта, сиёсати давлатӣ дар самти тарбия ва муҳити энергетикӣ танҳо барои дастгирии истифодаи оқилонаи манбаъҳои табиӣ ва энергетикӣ нест, балки барои эҷоди шароити равшан барои оилаҳо ва ҷомеа низ мебошад. Дастгирии ин иқдомҳо бо роҳандозии марказҳои таълимӣ, курсҳои омӯзишии махсус ва тарғиботи шадид метавонад ба сарфаи оқилона ва ҳифзи муҳити зист дар мамлакат оварда расонад.
Таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоии сарфаи барқ. Истифодаи оқилонаи барқ на танҳо ба муҳити зист ва рушди устувор кӯмак мерасонад, балки барои кишвар низ боиси коҳиши хароҷоти номуайян ва беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ мегардад. Агар сарфаи барқ дар миқёси миллӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монда шавад, хазинаи давлат аз сарфаи иловагӣ, кам кардани талафоти барқ ва истифодаи технологияи сарфакорона ба манфиати аҳолӣ ва муҳити зист мунтазам пур мешавад.
Пешниҳодҳо барои беҳтар кардани фарҳанги барқистеъмолӣ:
1. Таҳлили ниёзҳои аҳолӣ: Барои амалӣ кардани тарҳҳои сарфакорӣ, аввал бояд эҳтиёҷоти аҳолиро ба таври амиқ таҳлил кунем. Барои ин, мушоҳида ва мониторинг оид ба истифодаи барқ дар шаҳру деҳот зарур аст.
2. Ҳамкориҳои байналмилалӣ: Шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони иқтисодӣ метавонад барои таъмини дастгирии молиявӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои тарғиби сарфакорӣ кӯмак кунад.
3. Ташкили барномаҳои тарғиботӣ: Ташкил кардани чорабиниҳои иттилоотӣ, даъват ба одамон барои иштирок дар аксияҳо ва намоишгоҳҳо бо мақсади тарғиби сарфаи барқ ва хидматрасонӣ дар минтақаҳо як роҳи мусоидат ба рушду ташаккули фарҳанг аст.
Ташаккул ёфтани фарҳанги дурусти истифодаи барқ на танҳо масъалаи истифодаи оқилонаи манбаъҳои энергетикӣ аст, балки масъалаи масъулиятшиносӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи ояндаи наслҳост. Барои ноил шудан ба сарфаи самараноки барқ, оила, ҷомеа ва давлат бояд дар якҷоягӣ кор кунанд, то ки фарҳанги дурусти истифодаи барқ ба як унсури муҳими ҳаёти ҳаррӯза ва масъулияти шаҳрвандӣ табдил ёбад. Ин роҳи дуруст ва ягона барои амалигардонии сиёсати устувори энергетикӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Ҳабибуллозода Сайфулло,
нотариуси давлатии идораи
нотариалии давлатии н. Рашт