Б о ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияи муосири парвариши пахта – асоси рӯёнидани ҳосили баланд дар шароити тағйирёбии иқлим»…
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияи муосири парвариши пахта – асоси рӯёнидани ҳосили баланд дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар кори семинар Раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои кишоварзӣ Асозода Н. М., Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои кишоварзӣ Салимзода А. Ф., инчунин ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор Маҳмадёрзода Усмон М. ва дигар олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои вобаста ба татбиқи технологияҳои муосири парвариши пахта, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, мутобиқ намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ба шароити тағйирёбии иқлим ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори соҳа ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ба ҳисоб меравад.