Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ Тоҷикистон тавонист аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, заминаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро таҳким бахшад. Дар ин раванд нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва кишоварзӣ, заминаи устувор фароҳам овардааст. Маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муассисаҳои илмӣ густариш ёфта, дастовардҳои назаррас ба даст омада истодаанд.
Институти зироаткорӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари илмии соҳаи кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Олимони муассиса дар самти таҳияи технологияҳои муосири парвариши зироатҳо, мутобиқ намудани истеҳсолот ба тағйирёбии иқлим ва ҷорӣ намудани навовариҳои илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Имрӯз институт бо марказҳои илмӣ ва олимони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо технологияҳои пешрафта, аз қабили кишти зироатҳо зери плёнка, истифодаи усулҳои муосири обёрии қатрагӣ ва дигар таҷрибаҳои самараноки агротехникӣ дар истеҳсолот ҷорӣ гардида истодаанд.
Ин пешрафту дастовардҳо самараи фазои орому осуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Зеро танҳо дар шароити сулҳу субот имкони рушди илм, татбиқи навовариҳо ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меояд.
Бинобар ин, ҳар як дастоварди илмӣ ва ҳар як қадами нав дар роҳи рушди кишоварзӣ нишонаи равшани сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба илм ва олимон мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо арзиши муқаддас, балки омили асосии пешрафт, шукуфоӣ ва рушди устувори кишвари азизамон Тоҷикистон аст.
ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ЗИРОАТКОРӢ
ТОИРЗОДА ҚОСИМ ТОИР