20 август гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукмитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо фаъолзанони ноҳияи Данғара вохӯрии судманд баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ…
20 август гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукмитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо фаъолзанони ноҳияи Данғара вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба аҳамияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши созандаи занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати он кишвар роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими фазои сулҳу субот саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти занон дар мақомоти давлатӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар самтҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳими пешрафти ҷомеаи соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ доир ба сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занон, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ, рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа андешаронӣ карда шуд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ҷумла, занон ҳамчун модар ва тарбиятгари насли оянда дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим доранд.