14-уми августи соли ҷорӣ гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» дар шаҳри Ҳисор дар назди Муҷассамаи "Дуои модар" гулчанбар гузошта бо сокинони шаҳр вохӯрии судманду самимӣ баргузор намуданд. Ҳадафи асосии мулоқот таҳкими ҳисси…
14-уми августи соли ҷорӣ гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» дар шаҳри Ҳисор дар назди Муҷассамаи "Дуои модар" гулчанбар гузошта бо сокинони шаҳр вохӯрии судманду самимӣ баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии мулоқот таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарғиби арзишҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои тарбияи насли ҷавон буд.
Дар вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина, собиқадори меҳнат Хайриниссо Юсуфӣ, собиқадори меҳнат ва ходими давлатӣ Шарофзода Гавҳар ва дигар намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» иштирок намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеъро ҷиҳати бунёди давлати соҳибихтиёр, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ фароҳам овардааст. Дар ин замина, саҳми ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён ҳамчунин дар бораи нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар андешаронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои иштироки фаъолонаи занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, рушди соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Масъалаи тарбияи насли ҷавон низ яке аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд. Намояндагони гурӯҳи таблиғотӣ зарурати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ, донишомӯзӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеаро таъкид карданд. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат муаррифӣ гардида, аз онҳо даъват ба амалҳои нек, созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол карда шуд.