Имрӯз дар шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол», ки аз ҳисоби занони ходимони давлат, собиқадорон ва занони фаъоли соҳаҳои гуногун ташкил шудааст, бо фаъолзанон ва духтарони шаҳр баргузор гардид. Вохӯрӣ таҳти…
Имрӯз дар шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол», ки аз ҳисоби занони ходимони давлат, собиқадорон ва занони фаъоли соҳаҳои гуногун ташкил шудааст, бо фаъолзанон ва духтарони шаҳр баргузор гардид.
Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва саҳми бонувон дар рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ заминаи мусоид барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва баланд гардидани мақому манзалати занон дар ҷомеа фароҳам овард.
Аъзои гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» доир ба муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди инфрасохтор, бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ шудаанд. Имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, мақомоти давлатӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар самтҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии занону духтарон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, занон дар таҳкими фазои солими ҷомеа ва тарбияи насли оянда нақши муҳим доранд.