Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи…
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ анҷом дод.
Дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат меҳмононро Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода истиқбол гирифт.
Дар идомаи сафар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, ходими давлатӣ, собиқадори хизмати давлатӣ Руқия Атоевна Қурбонова, собиқ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, муовини якуми Раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода ва фаъолону сокинони шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, саҳми занон дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумита зимни суханронӣ таъкид намуд, ки занону бонувон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди оила, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд. Ҳамзамон, иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими суботи ҷомеа даъват карда шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти оилавӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди фаъолияти занон дар бахшҳои гуногуни ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.