Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои занону духтарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти…
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои занону духтарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» оғоз гардид.
Курси мазкур дар доираи амалишавии "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобачогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030" роҳандозӣ карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи курс муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина, ноиби ректор оид ба таълими Академия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, ва шунавандагони курс иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки занону бонувони тоҷик ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои фарох барои фаъолияти занон фароҳам гардида, нақши онҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа боз ҳам тақвият ёфтааст.
Гуфта шуд, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, такмили малакаҳои роҳбарӣ ва рушди қобилияти идоракунӣ барои хизматчиёни давлатӣ аҳаммияти хосса дорад. Имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, дар баробари мардон барои пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Зикр гардид, ки курси мазкур бо мақсади рушди малакаҳои роҳбарӣ, такмили маҳорати суханварӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии иштирокчиён ташкил карда шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ шунавандагон вобаста ба раванди баргузории курс таклифу пешниҳодҳои худро ба роҳбарият ва шахсони масъул иброз намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки курси ғайринақшавии мазкур дар заминаи Донишкадаи такимли ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Маркази маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи