Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли 2026 бахшида ба Рӯзи модар дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев чорабинии идона баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши…
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли 2026 бахшида ба Рӯзи модар дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев чорабинии идона баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунари дасти ҳунармандони ҷумҳурӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мақому манзалат ва эҳтироми Зан – Модарро ба таври шоиста қадр менамоянд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон занони мо тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолият намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан — модар вобаста аст.
Сипас бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ пешкаши занону бонувони кишвар гашт.