Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 26-соли амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир…
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 26-соли амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ, Олимшо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, ходимони сиёсӣ, собиқадорон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ииштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки ҳанӯз аз аввали солҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар иқтисоди миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин раванд зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид.
Гуфта шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, маҷмӯи тадбирҳои мушаххас бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятиву меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ карда шуда истодааст.
Раиси Кумита иброз намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъол гардонидани нақши занонро муайян намуда, ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардон ва занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалӣ намудани онҳо аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.
Таъкид шуд, ки сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки нақши зан — модар дар ҷомеаи муосири тоҷик боз ҳам мақоми баландтарро соҳиб гардида, дар рушду пешрафти кишвар боз ҳам устувортар намоён гардад.
«Итминон дорам, ки таҳкими сиёсати давлатии кор бо занон ва рушди ҳамоҳангии ҷомеа бо он барои пешрафти минбаъдаи фаъолияти онҳо хизмати муассир хоҳад гузошт»,-изҳор дошт Файзиддинзода Бунафша.