Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Президент – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон баргузор гардид.
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода, раиси собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Равшан Раҷабзода ва занону духтарони фаъоли вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки имрӯзҳо мо мардуми фарҳангсолори миллати тоҷик дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки бо ифтихормандӣ онро ҳамчун Рӯзи хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ дар фазои сулҳу субот ҷашн мегирем. Ҳамаи ин тантанаҳо, ҳамгироӣ, якидиливу муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллату давлат аз ташаббусҳои хастанопазиронаи Пешвои муаззами миллат далолат медиҳад.
Таъкид шуд, ки хушбахтона, аз оғоз то имрўз бо роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллатдўст, бедордилу оқил ба ғояҳои баланди давлатдории миллӣ расида, ба ин рўзи пуршарафу пур аз ифтихор расидем.
Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибони вакилзанон аз ин сиёсат бо ба тасвиб расидани даҳҳо санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ мақому манзалат ва мартабаи занону бонувон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ арзанда гардид.
Гуфта шуд, ки дар радифи давлатсозиву давлатдорӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба фаъолгардонии нақши занону бонувон дар ҷомеа, муҳайё намудани имконияти фаъолияти онҳо дар бахшҳои давлатию ҷамъиятӣ, тиҷорату соҳибкорӣ равона гардида, Ҳукумати мамлакат дар раванди давлатсозӣ ба неруи солими ин қишри фаъоли ҷомеа такя мекунад.
Таъкид гардид, ки модарону бонувони сарбаланди кишвар бо ифтихори баланди ватандорӣ ба Президенти маҳбуби миллат барои хизматҳои беназир, дастгириву ғамхориҳои рўзафзун сипосу миннатдорӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди он ҳамеша дар амон ва сулҳу суботи комили Ватан устувору пойдор мемонад.