Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон…
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, бо мақсади таъмини иштироки фаъоли ҳунармандони ҷумҳурӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, бо иштироки 13 оилаи ҳунарманди ҷумҳурӣ ва оилаҳои ҳунарманди вилояти Хатлон Форуми ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” доир гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона тавассути соҳибкасбу соҳибмаълумот ва соҳибҳунар намудани онҳо, инчунин пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Иброз шуд дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақилонаи тараққиётро пеш гирифта, дар марҳилаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандии адолатпеша қарор дорад, бунёди хонаводаи солеҳ, тарбияи комилу солими насли он ва таъсиси ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба манфиат хоҳад буд.
Аз ин рӯ барои эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Ҷудо гардидани маблағҳои гранти президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарон шаҳодати гуфтаҳо мебошад.
Иброз гардид, ки дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мебаранд. Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуд