25-уми сентябри соли 2025 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар ҳамоиши вакилзанони ҷумҳурӣ таҳти унвони "Занон ва сиёсати миллӣ: таҷриба, дастовардҳо ва дурнамо" иштирок ва баромад намуданд.
Ҳамоиши мазкур масъалаи баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар он мубодилаи таҷриба ва андешаҳо бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти сиёсии занон сурат гирифт.
Иброз гардид, ки ин ҳамоиш минбар барои мубодилаи таҷриба, таҳлили мушкилот ва дарёфти роҳҳои нав барои густариши ҳузури занон дар сиёсату идоракунӣ буда, суханрониҳо ва пешниҳоди иштирокчиён ба таври амалӣ ба пешрафти ҷомеа ва таҳкими нақши занон дар давлатдорӣ, рушди ақидаю иқдоми созанда ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ мусоидат менамояд.
Дар сиёсати миллии мо, ки бар пояи идеяҳои созандагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ устувор аст, занон ҳамеша мавқеи хосса доштаанд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият то имрӯз бо ҳидояту пуштибонии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа, махсусан дар арсаи сиёсӣ аҳаммияти хосса зоҳир гардидааст.