eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Дар вилояти Суғд даври вилоятии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" баргузор гардид
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Дар вилояти Суғд даври вилоятии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" баргузор гардид
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
11 сентябри 2025
Дар вилояти Суғд даври вилоятии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" баргузор гардид
Дар вилояти Суғд бо иштироки беҳтарин занони хизматчии давлати даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" доир шуд. Дар рафти озмун муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Previous slide
Next slide
Дар вилояти Суғд бо иштироки беҳтарин занони хизматчии давлати даври
вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон" доир шуд. Дар рафти озмун муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина ва масъулини дахлдор иштирок намуданд. Иброз шуд, ки озмун бо мақсади бештар таъмин намудани иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»- то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон баргузор шуд.
Озмун байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, баргузор гардид.Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ба хотири тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.