Дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанди — боғи падару модар” баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ доир гардида, ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи оиладорӣ ҳамчун асоси ҷомеаи…
Дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанди — боғи падару модар” баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ доир гардида, ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи оиладорӣ ҳамчун асоси ҷомеаи солим, баланд бардоштани нақши зан дар ҳаёти иҷтимоӣ, таҳкими арзишҳои суннатии миллӣ, тақвияти пояҳои ахлоқии хонавода ва дастгирии оилаҳои ҳунарманду намунавӣ мебошад.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён – намояндагони ҷамоат ва маҳаллаҳои шаҳр бо донишу ҷаҳонбинӣ, маҳорати суханварӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва ҳунарҳои мардумии худ ҳунарнамоӣ карда, симои воқеии як ҳамсари вафодор, хушдомани хирадманд, фарзанди ифтихории падару модар ва оилаи ҳунармандро муаррифӣ намуданд.
Дар интиҳои даври шаҳрии озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардида, саҳми онҳо дар ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид гардид.
Баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ бешубҳа барои баланд бардоштани сатҳитмаърифатнокии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, дар роҳи интихоби дурусти ҳамсафар, тарбияи насли солим ва устувории пояҳои хонавода мусоидат намуда, ба таҳкими фарҳанги миллӣ ва бедорсозии эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеа нақши муассир мегузорад.