11 июли соли равон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён бо фаъолияти гирандаи гарнти президентӣ дар соли 2024 Анорхол Эшпулатова шиносгардид. Анорхол Эшпулатова яке аз занҳои ҳунарманди ноҳияи Қубодиён мебошад, ки 39 сол мешавад ба касби гилембофӣ машғул аст.
Бояд гуфт, ки ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамояд.
Ин зани ҳунарманд бо гилемҳояш дар ҳама чорабиниҳои ҳунармандӣ иштирок намуда, чандин маротиба сазовори ҷойҳои якум ва намоён гаштааст.
«Маҳсулоте, ки барои омода кардани гилем истифода мебарем, ин асосан ришта мебошад. Мо баъзе риштаҳоро аз бозор харида, бархеи дигарро дар хона аз нахи пахтаи хом омода ва ранг мекунем. Пас аз ранг кардан мо гилемҳои ранга мебофем»,-иброз дошт дар суҳбат бо раиси кумита.
Ҳунари дастии ин зани ҳунарманд ҳам дар хона ва ҳам дар ноҳия харидор пайдо намудааст.
Ӯ мегӯяд, ки гилемҳои бофтаи онҳоро мардуми деҳа барои болои кати назди ҳавлӣ зиёд мехаранд, зеро ин гилемҳо барои дар ҳавлӣ нишастан хеле мувофиқ мебошанд.
Ин зани ҳунарманд дар баробари гилембофӣ инчунин дар 10 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад, ки дар он чигит ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал кишт мекунанд.
Ба гуфтаи Анорхол Эшбулатова, онҳо зиндагиашонро аз рӯи ҳамин касбашон пеш мебаранд.
«То ба имрӯз ягон фарзанди ман ба муҳоҷират нарафтааст. мардҳо дар замин кор мекунанд, мо занҳо ба гилембофӣ машғул мешавем»,-гуфт Анорхол Эшпулатова.
Ёовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёнаи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.