Ваҳдати миллӣ – иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, иттифоқу дўстӣ, сулҳу оромӣ ва омили устувори пешрафти давлату давлатдорӣ буда, бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин падидаи неку саодатбор дар сарҷамъии халқу миллат ва пойдории давлат нақши побарҷо гузошта, дар он тамоми музаффарияту комёбиҳои зиндагӣ таҷассуми воқеии худро дарёфт намудааст.
Ин Рўзи муқаддас барои мардуми шарифи Тоҷикистон рамзи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъиву ягонагӣ, нишонаи пирӯзии ақлу заковат, суботу саодат ва иродаи устувори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маҳз бо ҷаҳду талош ва фидокориву сарсупурдагии ин абармарди таърих “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расида, дар китоби таърихи навини Тоҷикистон авроқи заррини саодатафрўзи сулҳу субот, амониву осудагӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ рўнамоӣ кард ва дар ниҳоди занону модарон, насли наврасу ҷавон ва аҳли ҷомеа майсаи умед ба ояндаи сабзу рўшан, комгориву саодат ва дурахши ахтари хушбахтиву оини ваҳдатофарӣ ранги тоза гирифт.
Хурду бузурги халқу миллати шарафманди тоҷик хуб дарк мекунанд, ки аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва иродаи мустаҳками миллати тамаддунофар давлатдории миллӣ устувортар гардид ва ҷаҳду талоши якҷоя баҳри таҳкими Вахдати миллӣ, беҳбудии рўзгор, таъмини саодати наслҳои имрўзу оянда, ҳиссагузор будан дар сулҳи Тоҷикистони азиз миллатро ба марому мақсади хеш расонид.
Имрўз фазои Тоҷикистони азизамон аз партави хуршеди Ваҳдату ҳамдилӣ ба хони зиндагии ҳар як фарди ин сарзамини аҷдодӣ ҷода – ҷода нур мерезад ва таҷаллияти Вахдати миллӣ эҳсоси худшиносиву ғурури миллии моро бо ҳам омезиш дода, бо шукуҳи саодату шукуфоӣ муғчапайванд месозад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин рукни устуворӣ ва якпорчагиву рушду нумўи равандҳои демократӣ аст, он дар рўҳияи ваҳдаткушои мо чаман – чаман гулҳои чакани ватанро гулдўзӣ менамояд.
Ин ҷашни фархундаро самимона дар симои ҳар як зан – модари тоҷик ба кулли сокинони саодатёри тоҷик табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу субот, Ваҳдату Истиқлоли миллӣ боз ҳам устувору пойдор бимонад ва шоҳсутуни оромишу осоиштагӣ дар ин сарзамини хуршедмуҳр таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бегазанд, ҷовидона боқӣ бимонад.
Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бод!