ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҚИТЪАИ ЗАМИН Бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҚИТЪАИ ЗАМИН
Бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Дар қитъаи замини бинои мазкур зиёда аз 200 адад ниҳоли себ шинонида шуда, айни ҳол ҳосилхез шуда, дар қитъаи замини боқимонда картошка кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Зимни боздид аз қитъаи замини мазкур Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани назорати истифодаи қитъаи замин дар ноҳия дастуру супоришҳо дод.