Ба муносибати ба нафақа баромадани як гуруҳ хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ кору фаъолият намудан барои занҳо 58 солагӣ ва мардон 63 солагӣ муайян гардидааст.
Баъдан Раиси Кумитаи давлатӣ оид ба кору фаъолияти хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, ки имрўз ба синни мубораки нафақа расиданд, ба таври мухтасар суханронӣ намуда, ба ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки аз таҷрибаи бойи кории онҳо минбаъд низ дар тарбияи мутахассисони ҷавон истифода бурда хоҳанд шуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ мудири бахши корҳои махсус Нуриддин Зардиев, мудири бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин Шамсимад Мирзохонзода, сармутахассиси ҳамин бахш Анвар Бобоев ва сармутахассиси бахши арзёбии замин ва пардохтҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мавҷуда Давлатзода дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел гардиданд.