Субҳи имрӯз директори Театри миллӣ Манучеҳр Шарифзода сафири кишвари Ҷопон хонум Кейко Фурутаро баҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори Театри миллӣ Манучеҳр Шарифзода қайд карданд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамкориҳои созанда ташаккул ёфта, имрӯз соҳаҳои гуногуни ҳаёти ду кишварро фаро гирифтаанд. Мо итминон дорем, ки фарҳанг ва санъат яке аз муҳимтарин пулҳои пайванди халқҳои Тоҷикистон ва Ҷопон мебошанд.
Ҷопон барои мо на танҳо кишвари аз лиҳоли технологӣ пешрафта, аст, балки он дорои фарҳанги қадима, фалсафаи хоси зебоӣ, эҳтиром ба анъана, ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, фарҳанги тоҷик ва фарҳанги ҷопонӣ, бо вуҷуди фарқиятҳои ҷуғрофию таърихӣ, нуқтаҳои зиёди ҳамоҳангӣ доранд. Дар идомаи суҳбат директори Театри миллӣ Манучеҳр Шарифзода иброз намуд, ки Муассиса омода аст, ки фарҳангро ба забони дӯстӣ табдил диҳад.
Хонум Кейко Фурута Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки фарҳанг ва санъат дар таҳкими муносибатҳои байни мардумони ду кишвар нақши муҳим дошта, маҳз тавассути фарҳанг халқҳо метавонанд бо таърих, анъана, арзишҳои маънавӣ ва дастовардҳои якдигар бештар шинос шаванд.
Сафири Ҷопон ҳамчунин гуфт, ки рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар метавонад барои ба роҳ мондани барномаҳои муштараки театрӣ, намоишҳои ҳунарӣ, табодули таҷрибаи эҷодӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Пешниҳоди гардид, ки дар оянда бо ба имзо расонидани як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни Театри миллии Тоҷикистон ва яке аз муассисаҳои бонуфузи театрии Ҷопон, аз ҷумла театри миллии ин кишвар, метавонем табодули намоишномаҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ, коргардонҳо, ҳунармандон ва мутахассисони соҳаро ба роҳ монем.
Дар идома, меҳмонон аз шароити ва имкониятҳои толори конфронсии Театр, ки барои баргузории нишастҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои расмии дохилӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, ошно шуданд. Ҳамчунин меҳмонон бо толори консертӣ, ки барои баргузории консертҳои мусиқӣ, барномаҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ ва чорабиниҳои тантанавӣ истифода мешавад, шинос гардиданд. Бояд гуфт, ки толори мазкур яке аз толорҳои зеботарин дар Театр маҳсуб ёфта, бо ғунҷоиши зиёда аз 1100 тамошобин ва санъати махсуси гаҷкорӣ диққати ҳамагонро ҷалб кардааст.
Хонум Кейко Фурута сафири Ҷопон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз қисмати даромадгоҳи Театри миллӣ ва ду мусаввараи рассом Далер Миҳтоҷов, ки рамзӣ гузошта шудаанд аз наздик диданд.
Баъд аз боздиди мунаққашиву муназзамӣ ва меъмори Театри миллӣ хонум Кейко Фурута дар дафтари хотираҳо аз диду боздидҳои худ андешаҳояшро навишт.