Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем мизбони Форум Театри миллии Тоҷикистон буда дар он беш аз 1000 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои бонуфузи технологӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Халиҷи Форс иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 муаррифии ҳамаҷонибаи имконот ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва инфрасохтори рақамӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки технологӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши шарикии давлату бахши хусусӣ, табодули донишу таҷриба, инчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, рушди соҳибкории технологӣ ва суръатбахшӣ ба раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад.
Рушди инфрасохтори рақамӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ, таъмини амнияти киберӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, пайваста баҳри рушди он тадбирҳои зарури андешида мешавад. Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 низ бо ҳамин ҳадафҳо баргузор гардида, замина барои дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ мебошад.
Дар ҷаласаи умумии форум иштирокдорон масъалаҳои ҳамоҳангсозии стратегияҳои миллӣ бо ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба муайян намудани манфиатҳои муштарак, истифодаи имконоти мавҷуда ва баррасии роҳҳои ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафҳои рушди рақамӣ равона гардид.
Дар идомаи барномаи форум бо иштироки коршиносони ватанию хориҷӣ дар мавзуъҳои «Тоҷикистони рақамӣ: имконияти нав барои сармоягузорӣ ва шарикии технологӣ», «Технологияҳои молиявӣ, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди ғайринақдӣ», «Бахши хусусӣ, стартапҳои технологӣ ва сармоягузории венчурӣ», «Зеҳни сунъӣ барои давлат, иқтисод ва ҷомеа», «Амнияти киберӣ ва муҳити боэътимоди рақамӣ», «Ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои давлатии рақамӣ» ва «Иқтидори кадрӣ ва малакаҳои рақамии оянда» ҷаласаҳои панелӣ баргузор гардиданд.
Дар доираи ин мавзуъҳо масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ, иқтисод ва ҳаёти ҷомеа, таъмини амнияти киберӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои давлатии рақамӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор мегиранд. Дар ин замина омодасозии кадрҳои баландихтисос ва такмили малакаҳои рақамӣ ҳамчун омилҳои зарурии истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва пешбурди раванди рақамикунонӣ баррасӣ шуданд.
Коршиносон таҷрибаи кишварҳо ва ташкилоти худро дар таҳия ва татбиқи роҳҳои ҳалли рақамӣ муаррифӣ намуда, имконияти мутобиқсозии таҷрибаи пешқадам ба талаботу шароити Тоҷикистонро мавриди мубодилаи афкор қарор доданд. Ҳамзамон роҳҳои густариши ҳамкории касбӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо истифода аз дониш ва таҷрибаи шарикони хориҷӣ муҳокима гардиданд.
Дар бахши инфрасохтори рақамӣ ба рушди марказҳои коркарди додаҳо, густариши табодули электронии иттилоот байни идораҳо, тавсеаи хизматрасониҳои мобилӣ ва ҳифзи инфрасохтори муҳими иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Баррасии ин масъалаҳо ба таҳкими заминаҳои техникию иттилоотии рақамикунонӣ ва таъмини фаъолияти боэътимоду бехатари низомҳои рақамӣ равона гардид.
Дар самти соҳибкории технологӣ масъалаҳои рушди IT Park, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти стартапҳо ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ баррасӣ шуданд. Иштирокдорон ҳамчунин доир ба имконоти тавсеаи содироти маҳсулоту хизматрасониҳои рақамӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт табодули назар намуданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 намоишгоҳи технологӣ ташкил гардида, ба ширкатҳо ва стартапҳо имкон дод, ки маҳсулот, хизматрасониҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсиониро муаррифӣ намоянд. Ин бахши форум барои шиносоии бевоситаи иштирокчиён бо зарфияти ширкатҳои технологӣ ва ташаббусҳои соҳибкорон, инчунин барқарор намудани робитаҳои касбию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар баробари ҷаласаҳо ва намоишгоҳ байни намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳо ва доираҳои соҳибкорӣ мулоқоти корӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот имконоти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои амалии форум санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба густариши шарикӣ байни ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои технологӣ ва соҳибкорон, ҷалби сармоя ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак равона шудаанд.
Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки рӯзҳои 29-30 сентябр корашро идома медиҳад, дар назар аст дар доираи он «Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» қабул гардад. Он самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро дар рушди муҳити инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории технологӣ ва вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ муайян менамояд.
Дар маҷмуъ, Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба муаррифии имконоти технологии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.