Муҳтарам намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аҳли мусиқӣ ва тамоми ҳунармандони арсаи фарҳангу ҳунар Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ, ки ҳамасола 1…
Муҳтарам намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аҳли мусиқӣ ва тамоми ҳунармандони арсаи фарҳангу ҳунар Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ, ки ҳамасола 1 октябр таҷлил мегардад, самимона табрик менамояд.
Дар ин рӯзи фархунда, ба тамоми мусиқидонон, сарояндагон, навозандагон, композиторон, дирижёрон ва дигар аҳли ҳунар, инчунин дар симои онҳо тамоми ҳунармандони тоҷикро самимона таҳният менамоем.
Мусиқӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин василаҳои ифодаи эҳсосу андешаи инсон дар рушди маънавии ҷомеа, ҳифзу тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо нақши муассир дорад. Он дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик низ ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳангии миллӣ дар ташаккули завқи зебоипарастӣ ва маънавии ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Санъати мусиқӣ бо ҳунари театрӣ пайванди ногусастанӣ дошта, дар офариниши асарҳои саҳнавӣ, ташаккули фазои бадеӣ ва бозгӯйии эҳсосу андешаҳои қаҳрамонон аҳаммияти хос дорад. Аз ин рӯ, саҳми аҳли мусиқӣ дар рушди санъати миллӣ, ғанӣ гардонидани ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои ҳунарии Тоҷикистон шоистаи эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми аҳли мусиқӣ ва фарҳангу ҳунар, рӯзгори обод, неруи созанда, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои тозаи касбӣ орзу менамоем.
Бигзор мусиқӣ ҳамеша ҳамчун василаи таҳкими арзишҳои волои инсонӣ дар тамоми ҷаҳон садо диҳад.
Рӯзи байналмилалии мусиқӣ муборак!