Бо камоли эҳтиром сокинони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе самимона табрик менамоем.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Маҳз бо саъю талоши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир азнавсозии роҳҳову ҷодаҳо, бунёди садҳо биноҳои маъмуриву фарҳангию таълимӣ, китобхонаҳҳо, кохҳои варзишӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хидматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳои зебо, майдончаҳои варзишӣ амалӣ гардида, пойтахти кишвари азизамонро дар минтақа ба зеботарин шаҳр табдил доданд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2004 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Моҳи ноябри соли 2016 пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи “Шарҳи сулҳ”- и Бунёди Роҳи Абрешимро дарёфт кард. Ин ҷоиза барои саҳми барҷаста дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ тақдим гардид.
Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат маркази сиёсӣ ва маркази неруҳои зеҳнию фикрии ҷумҳурӣ низ маҳсуб мешавад. Дар шаҳр бештари муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ мутамарказ гардидаанд, ки онро ба кони неруи интеллектуалӣ табдил медиҳанд. Душанбе имрӯз ба майдони ҷалби сармоя, парвариши истеъдодҳо ва татбиқи тарҳҳои навини илмӣ табдил ёфтааст.
Дастгириҳои пайвастаи мақомоти шаҳрдорӣ дар ин самт имкон фароҳам овардаанд, ки пойтахт бо такя ба захираҳои илмӣ ва инсонӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба марҳилаи нави рушди технологӣ ворид гардад. Дар ин замина, гузариш аз моделҳои кӯҳнаи саноатии энергиябар ба иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба таври марҳилавӣ амалӣ мешавад. Маҳз дар ҳамин замина, бунёди корхонаҳои насли нави технологӣ ва IT-паркҳо дар Душанбе босуръат амалӣ гардида, пойтахтро ба маркази инноватсионӣ табдил медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рушди устувори пойтахт пеш аз ҳама ба сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, эҳсоси масъулият ва заҳмати содиқонаю софдилонаи ҳар як сокини он вобаста аст.