МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАНОБИ ГАО ХОНГ ВУ Имрӯз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академия академик Салимзода Амонулло Файзулло бо ҷаноби Гао Хонгву, раиси Институти Гонконги…
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАНОБИ ГАО ХОНГ ВУ
Имрӯз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академия академик Салимзода Амонулло Файзулло бо ҷаноби Гао Хонгву, раиси Институти Гонконги неруҳои нави истеҳсолии босифат баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла имкониятҳои парвариши картошка бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ намудани навъҳо ва усулҳои парвариши он ба шароити иқлимии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои минтақаҳои гуногуни иқлимӣ буда, барои рушди картошкапарварӣ имкониятҳои васеъ дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши хусусиятҳои иқлимӣ ва агроэкологии минтақаҳои гуногуни кишвар ва интихоби навъҳои мувофиқ метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти картошка мусоидат намояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои гузаронидани таҳқиқоти муштарак, санҷиши навъҳои картошка дар шароити Тоҷикистон, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, такмили тухмипарварӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки ҳамкории илмӣ ва технологӣ дар ин самт метавонад барои рушди соҳаи картошкапарварӣ, баланд бардоштани истеҳсоли картошка ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳияи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар самти картошкапарварӣ изҳор намуданд.