Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам» Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и пойтахт ҷашни миллии ниёгонамон — Тиргон бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар ин…
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»
Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и пойтахт ҷашни миллии ниёгонамон — Тиргон бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии зертобеи он фаъолона иштирок намуданд.
Олимону мутахассисони соҳа намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва маҳсулоти дастранҷи деҳқононро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, онҳо бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ дастархони идонаи худро оро доданд.