7 апрели соли 2026 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимия маҷлиси васеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони муассисаҳои илмӣ дар се моҳи соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони…
7 апрели соли 2026 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимия маҷлиси васеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони муассисаҳои илмӣ дар се моҳи соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Академия, академикҳо, олимону роҳбарон, директорон ва мутахассисони филиал, стансия ва пойгоҳҳои тобеи муассисаҳои илмӣ иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ахбороти ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршозода Файзулло Сафар оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии Академия дар се моҳи соли 2026 шунида шуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар сохтори Академия 13 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 8 институт, 5 маркази илмӣ, ва 24 филиал, стансия, пойгоҳ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ амал мекунанд. Дар ин муассисаҳо 1122 корманд, аз ҷумла 532 докторону номзадҳои илмӣ, ҳамзамон аз дигар донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ 28 доктор ва 33 номзади илм ҳамчун ҳамкор барои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб карда шудааст.
Давоми се моҳи соли ҷорӣ олимони муассисаҳои илмии Академия дар соҳиби 1 нахустпатент, 8 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкорӣ, 2 қарор дар бораи додани нахустпатент ба ихтироъ, 3 хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмии ихтироот гардида, 1 арзнома барои гирифтани нахустпатент пешниҳод намуда, 1 навъи ангурро барои омӯзиш супурдаанд. Доир ба ин масъалаи рӯзнома академик Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ, директори Институти иқтисодиёт ва таҳлили системавии рушди кишоварзӣ Пиризода Ҷалил Сафар, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Ҳабилов Алишер, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ Тухтаев Абдукарим Қодирович ба музокира баромаданд. Раёсати Академия масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардидаро баррасӣ намуда, аз рӯи баромаду музокираҳо қарори дахлдор қабул намуд.
Бинобар ҷой доштани камбудию норасоӣ дар фаъолияти баъзе роҳбарони муассисаҳои илмӣ, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Президенти АИКТ Салимзода Амонулло дар бораи дастовардҳои Академия ва муассисаҳои илмии он суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва барномаҳои давлатии рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ зарур аст, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба ҷоннок намуда, оид ба беҳтар намудани сифат ва самарабахшии тадқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон, беҳсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастоварҳои илмӣ дар истеҳсолот аз техникаву таҷҳизоти муосир, раванҳои инноватсия ва имкониятҳои технологияи рақамӣ истифода барем. Ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон саҳми арзанда гузорем.