АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хиради бузург, диди равшан ва муҳаббати беандоза ба халқи худ метавонанд роҳи миллатро аз торикӣ ба сӯи нур баранд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳамзамон гиромӣ доштану қадр намудани бузургону калонсолон ва мардони инсондӯсту ватандӯст дар фарҳанги тоҷикон аз қадим ҷойгоҳи меҳварӣ дошт. Дар насиҳатномаю пандномаҳои бузургон ин масаъла борҳо таъкид шудааст. Аз ин рӯ, эҳтироми шахсияти роҳбари давлат, арҷ гузоштан ба хидматҳои ӯ ин нишонаи хираду адолатпешагии миллатро нишон медиҳад. Хело саривақтию хирадмандист, ки дар Тоҷикистони мо рӯзе ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои Пешвои миллат, муайян гардидааст. Таҷлили Рӯзи Президент ин ҷашни миллат аст. Зеро аз ҳамин санаи соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ расман ба фаъолият шурӯъ кардаю чун меъмор барои халқи тоҷик давлати миллӣ сохт.
Абармарди таърихсоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро бо қудрат ба даст наовард - онро бо сухан, бо ҳикмат, бо меҳру сабр ба дилҳои мардум баргардонд. Бо ин тартиби фарҳехта роҳбари сулҳ, меъмори ваҳдат ва рамзи оромӣ гардиданд. Ҷомеае, ки дар раванди фурӯпошӣ буд, бо хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба роҳи субот баргашт.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо таҳти роҳбари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи мустақили демократӣ гомҳои устувор гузошт. Дар ин давра мо соҳиби Парчам, Нишон ва суруди миллӣ гаштем. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, артиш миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ташкил ва устувор гардид.
Мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, бо бисёр аз давлатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор карда шуд. Сохти конститутсионии кишвар ва идоракунии давлатӣ танзим, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуда, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки мақсади асосии мо - тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон бо ин, инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад, ки дар давраи гузариш рушди устувори иқтисодиёти моро таъмин менамояд.
Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хуб қайд кардаанд: «Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».
Аз ин ҷо, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ вобастагӣ дорад. Новобаста ба он, ки масоҳати заминҳои корам дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст, аммо шароити хоку иқлими Тоҷикистон (фаровонии об ва ҳарорат) имконият медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ, майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода гарданд.
Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ ба он равона карда шудааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда шуда, маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд бардошта шаванд. Илман асоснок кардану дар амал татбиқ намудани раванди истеҳсоли ду ҳосил аз як қитъаи замин дар як сол ҳалли худро ёфта, раванди минбаъда илман асоснок кардан ва дар амал татбиқ намудани гирифтани се ҳосил ва зиёда аз он дар як сол ва дар як қитъаи замин мебошад. Ин раванд тавассути татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва ба хусус парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, сабзавоту картошка, зироатҳои полизӣ ва зироатҳои равғандиҳанда мақсаднок мебошад.
Дигаргуниҳои замони муосир, аз ҷумла – таъсири тағйирёбии иқлим, доман паҳн кардани маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда дар истеҳсолот, хатари экологӣ, фалокатҳои табиӣ, зиёд шудани алафҳои бегона, касалию ҳашароти зараррасон ва амсоли инҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ як қатор мушкилотро ба миён овардаанд. Аз тарафи дигар, бо маром зиёдшавии аҳолии кишвар, рушди соҳаҳои саноат, беҳгардии инфраструктураи шаҳру деҳот, боиси кам шудани масоҳати майдонҳои кишт гардида, ба раванди расидан ба амнияти ғизоӣ мушкилот эҷод кардаанд.
Аз ин нигоҳ, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он равона карда шудааст, ки рушди соҳаи кишоварзиро таъмин намуда, ба амнияти ғизоӣ дар кишвар даст ёфта, зиндагии шоистаро барои мардуми ҷумҳурӣ муҳайё созад.
Таъкид ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз намунаи беҳтарини мардуми сарбаланди кишвар ҳисобида шуда, фаъолияти пурсамар, сиёсати созанда ва иқдомоти наҷиби Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти кории ҳар як марди худогоҳи миллат гардида, мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иброз менамоем, ки пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастем ва дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва ватанпарваронаи Президенти маҳбуби миллат талош менамоем, ки ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҷиҳати рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини амнияти озуқавории кишвар талош варзем.
Хулоса, Рӯзи Президент танҳо рӯзи арҷгузорӣ ба як шахсият нест, балки рӯзест, ки мо арзиши давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандии худро ёдрас мекунем. Ин рӯз моро водор месозад, ки ҳар кадомамон ҳиссаи худро дар ободиву пешрафти кишвар гузорем.
Таърих нишон дод, ки миллати тоҷик вақте дар атрофи як идеяи миллӣ ва як роҳбари хирадманд муттаҳид аст, метавонад аз ҳар гуна мушкил бигзарад ва ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Аз ин рӯ, мо бояд таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор намуда, барои боз ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳм гузорем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!