Санаи 21.10.2025 дар қисмати дуюми рӯз ҳайати марказии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Japan International Cooperation Agency) JICA барои назорати фаъолияти лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP ( Smallholder Horticulture Empowerment and Promotion-Tajik- SHEP) ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон(АИКТ) ташриф оварданд.
Ҳайати марказии JICA-ро президенти АИКТ академик Салимзода Амонулло Файзулло ба ҳузур пазируфт. Ҳайати марказии JICA доктор Шуто Кумико, Ҳироюки Танака ва намояндагони лоиҳаи JICA аз Ҷопон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи мазкур ҷиҳати гузаронидани семинарҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи олимони АИКТ баррасӣ гардиданд.